Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурод Хол: "Баъзе ширкатҳои беномус иҷозатномаҳоро фурӯхтаанд". ВИДЕО, САДО


Мурод Хол
Мурод Хол

Мақомоти Тоҷикистон се сол боз додани иҷозатномаи фаъолият дар конҳои кишварро қатъ кардаанд. Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи тоҷик, рӯзи 10 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ин тасмим ба фиребкории баъзе ширкатҳои хориҷии, ба қавли ӯ, “беномус” рабт дорад. Оқои Хол гуфт, вале ҳоло 90 кон барои истифода омода аст ва ҳукумати Тоҷикистон баъди ҷиддан баррасӣ кардани санади ширкатҳои довталаб барояшон иҷозаи корро хоҳад дод.

Шарти Тоҷикистон ба ширкатҳои довталаби кор дар конҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим

Тобистони соли 2016 ширкати ТВЕА-и Чин муҷаввизи истихроҷи тиллоро дар кони "Дуобаи шарқӣ" дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон ба даст овард.

Вай афзуд, "қаблан, чанде аз ширкатҳо иҷозаи фаъолият дар конҳоро ба даст оварда, вале дертар дар биржаҳои байналмилалӣ ба тарафи севум фурӯхта буданд. Инҳо ширкатҳое буданд, ки на техника доштанд ва на технология доштанд", - шарҳ дод ӯ.

Мурод Хол гуфт, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон тарафи севум ҳақ надорад, ба корҳои иктишофӣ дар конҳои кишвар машғул шавад. “Ва барои ҳамин, онҳо баъди омадан ба Тоҷикистон бо мушкили ҳуқуқӣ рӯбарӯ шуда, дар охир ҳукуматро зери зарба гузоштанд, ки гӯё дар инҷо шароити мусоиди сармоягузорӣ вуҷуд надорад”, - таъкид кард ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Чаро Тоҷикистон додани иҷозатномаҳоро қатъ карда буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Сардори Саридораи геологияи тоҷик аз овардани номи чунин ширкатҳо худдорӣ намуд, аммо гуфт, чунин вазъ дар кони сурмаи “Табаспин”, конҳои ангишти “Назарайлоқ” ва “Зиддеҳ” сурат гирифтааст.

Зуҳур Ёров, геологи маъруфи тоҷик, гуфт, мумкин аст дар солҳои пеш чунин иттифоқ афтода бошад, “вале ҳоло ин кор номумкин аст”. Вай гуфт, ҳоло қонунгузорӣ мегӯяд, ширкате, ки муҷаввизи омӯзиши геологии кадом кон ё корҳои иктишофиро дарёфт карда ва агар ба кораш идома надиҳад, ҳақ надорад, ки санадашро ба тарафи севум фурӯшад ё онро дубора ба Тоҷикистон баргардонад. “Ҳоло фазои корӣ дар бахши истихроҷу иктишофи конҳо озоду боз, вале бар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон ҷой дорад”, - гуфт ӯ.

Дар Саридораи геологияи тоҷик гуфтанд, ҳоло ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои сӯиистифода нашудани иҷозатномаҳои Тоҷикистон дар назди ҳукумати кишвар кумисюни махсус таъсис ёфтааст. Ба қавли мақомот, аъзои кумисюн шартҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои додани иҷозатнома мушаххас кардаанд ва яке аз пешниҳодҳо ин аст, ки “сармоягузор тарҳи коркарди конро таҳия намуда, мӯҳлати анҷоми корашро мушаххас бигӯяд”.

“Тоҷикистон танҳо бо ин роҳ мехоҳад, соҳаи иктишофу баҳрабардорӣ аз конҳои маъдани худро ба танзим орад”, - гуфт Мурод Хол. Вай ҳамзамон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ният доранд, қонуни нав дар бораи қаъри заминро қабул кунанд, ки дар он манофеи давлат ҳимоя шавад ва барои даҳсолаҳо мавриди амал қарор гирад.

Бо вуҷуди онки Тоҷикистон тақрибан 400 захираи собитшудаи маъданҳои табиӣ, аз ҷумла бузургтарин кони нуқраи Осиёи Марказиро дорад, аммо истихроҷи онҳо суст аст. Мақомот дар соли 2015 гуфта буданд, ки захираҳои собитшудаи газ 857 миллиард метри мукааб ва захираҳои нафт бештар аз 117 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Аммо тайи солҳои ахир ширкатҳои чинӣ барои кор дар конҳои тиллои Тоҷикистон иҷозатнома ба даст овардаанд. Тобистони соли гузашта ширкати ТВЕА-и Чин муҷаввизи истихроҷи тиллоро дар кони "Дуобаи шарқӣ" дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон ба даст овард. Дар маҷмӯъ, Чин аз 17 кони тиллои дорои муҷаввиз дар Тоҷикистон ҳаққи истихроҷи тилло дар 7 конро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG