Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО-360: Ҷаҳонро аз чашми уқоби тиллоӣ бинед


Сокинони деҳаи Шамалған дар Қазоқистон бо шикори уқоби тиллоӣ маъруфанд. Дар замони Шӯравӣ ин анъана тақрибан аз байн рафта буд, аммо солҳои охир дубора сабқати шикорчиён барои ба даст овардани уқоби тиллоӣ бештар шудааст.

Баъд аз ду-се парвози муваффақ парранда бояд 400-500 грамм гӯшт хӯрад. Суръати парвози уқоби тиллоӣ беш аз 250 километр дар соат аст.

Рӯзи 14 декабри соли гузашта шикорчиёни қазоқ имкон доданд, хабарнигори Ройтерс дар сари уқоби тиллоӣ як камераи 360-дараҷаиро насб кунад, ки ҳамаи паҳлӯҳои парвози ӯро сабт кардааст. Шумо ҳам метавонед, ҳамчун парранда ва ё бинанда ин видеоро тамошо кунед.

XS
SM
MD
LG