Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби марги Кароматуллоҳи Аҳмад сактаи қалбӣ унвон шуд. ВИДЕО


Ин аксро хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳамагӣ чанд соат пеш аз даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмад ҳини нишасти хабарии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ бардоштанд. 11 январи соли 2017.
Ин аксро хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳамагӣ чанд соат пеш аз даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмад ҳини нишасти хабарии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ бардоштанд. 11 январи соли 2017.

Кароматуллоҳи Аҳмад, хабарнигорони собиқадори тоҷик, рӯзи 11 январ дар 66-солагӣ дар маҳалли кораш даргузашт. Раҳматулло Сафаров, табиби "Ёрии таъҷилӣ", далели даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмадро сактаи қалбӣ гуфт. Ҷасади ин рӯзноманигорро ҳамкорони ӯ аз бинои "Шарқи озод" ба маҳаллаи зисташ дар Зарафшони шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Иллати марги Кароматуллоҳи Аҳмад сактаи қалбӣ унвон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи "Чархи гардун", ки Кароматуллоҳи Аҳмад аз соли 2010 бо ӯ дар ин нашрия кор мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз саломатӣ ва зиндагиаш шикоят надошт. Аммо дар муддати якуним сол аз марги ҳамсараш ранҷ мебурд. Даргузашти ҳамсараш барои ӯ як зарбаи ҷонкоҳе буд." Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ мегӯяд, марҳум Кароматуллоҳи Аҳмадро рӯзи чоршанбе бори охир соати 11:30 дидааст. "Имрӯз ҷашни таваллуд дошт. Саҳар ӯро табрик кардем. Барои як пиёла чой даъваташ кардем, аммо гуфт, ки кор дорад. Баъдан дар ҳоли хӯрдани ғизои чошт будам, ки хабари марги Кароматуллоҳро шунидам."

Сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун» мегӯяд, бо Кароматуллоҳи Аҳмад собиқаи 18-солаи корӣ дорад. Ба қавли Маҳмадалӣ Мақсудуллоҳ, Кароматуллоҳи Аҳмад аз соли 1999 то имрӯз дар ҳафтаномаҳои “Оила, “Крим Инфо”, “Тоҷикистон” ва ахиран дар “Чархи Гардун” кор кардааст.

Ҳамкорон аз Кароматуллоҳи Аҳмад ҳамчун яке аз пуркортарин журналисти тоҷик ном мебаранд. Вай дар даврони Шӯравии пешин муддате масъули барномаи таҳқиқотӣ ва интиқодии "Ранда" дар Телевизиони Тоҷикистон будааст.

Кароматуллоҳи Аҳмад муаллифи чандин китоб дар мавзӯъҳои мухталиф мебошад ва ахиран чанд китоби пажӯҳишии худро барои нашр омода карда, ба баррасии коршиносони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон супурда буд. Кароматулло Аҳмад ҳудуди ду моҳ қабл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пажӯшиҳои вай дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон анҷом шуда, дастовардҳои кишвар дар тӯли ин солҳоро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG