Пайвандҳои дастрасӣ

"Агар Путин Доналд Трампро дӯст дорад, ин имтиёз аст". ВИДЕО


Доналд Трамп

Доналд Трамп – президенти мунтахаби Амрико – дар нахустин нишасти матбуотии худ гуфт, ки миёни ӯ ва Русия ҳеҷ муомилае нест. Вай нишасти рӯзи 11 январро дар Ню-Йорк бо интиқод аз амалкарди баъзе расонаҳо оғоз кард, ки ахиран дар бораи вуҷуди “компроматҳои” Русия алайҳи Доналд Трамп хабар дода ва таҳқиқоти 35-саҳифаиро нашр карданд.

Русия метавонад ба мо дар муқобила бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» кумак кунад.

Гузоришҳо ҳокист, ки гӯё Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ дар давоми кори Трамп дар Маскав ӯро “шантаж” карда, ба мақсади худ ҳам расидааст. Дар миёни “компроматҳо” навори хусусияти шаҳвонидоштаи Трамп ҳангоми сафараш ба Маскав дар соли 2013 низ зикр мешавад.

"Солҳо пеш дар Маскав будам"

Аммо Доналд Трамп ин гузоришро тақаллубӣ хонд ва гуфт, ки “тамоми нуктаҳояшро хондам. Боис ба шармсорӣ буд, ки ниҳодҳои амниятии Амрико иҷоза доданд, то ахбору иттилооти ҷаълӣ мунташир шавад. Ин кор метавонист танҳо дар Олмони фашистӣ иттифоқ биуфтад, ки наяфтод.” Трамп гуфт, вақте аз Амрико хориҷ мешавад, хуб медонад, ки таҳти заррабин аст ва барои ҳамин ҳамеша аз эҳтиёт кор мегирад. “Солҳо пеш дар озмуни Маликаи зебоӣ дар Маскав будам ва ба ҳамроҳону муҳофизон гуфтам, ки намехоҳам худро рӯи экранҳои телевизор бибинед. Ман, албатта, аз вирусу микроб ҳам метарсам”, - афзуд ӯ.

"Агар Путин Трампро дӯст дорад..."

Владимир Путин

Владимир Путин

Нахустин пурсиши хабарнигорон аз раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар бораи ҳамлаҳои ҳакерии Русия ва дахолати эҳтимолии Маскав дар интихоботи президентии моҳи ноябр буд. Трамп бо таъкиди онки ҳамлаҳои ҳакерӣ аз тарафи Русия сурат гирифтаанд, гуфт, “аммо дар солҳои гузашта кишварҳои дигаре, аз ҷумла Чин ҳам ба ин монанд ҳамлаҳоро алайҳи Амрико раҳбарӣ карда буданд.”

Президенти мунтахаби Амрико дар идома ба суолҳо дар бораи равобити Иёлоти Муттаҳида бо Русия ва, ҳамин тавр, муносибати шахси ӯ бо Владимир Путин ҳам посух гуфт. Ӯ муносибати ҳозираи Амрико бо Русияро ваҳшатнок тасвир кард ва гуфт, “агар Путин Доналд Трампро дӯст дорад, ин имтиёз аст. Русия метавонад ба мо дар муқобила бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» кумак кунад. Дар давраи раёсати ман Русия Амрикоро бештар эҳтиром хоҳад кард.»

Девори Мексика

Доналд Трамп дар ҷараёни нишасти матбуотӣ

Доналд Трамп дар ҷараёни нишасти матбуотӣ

Вай вуҷуди ҳамагуна паймону қарордод бо Русияро ба шиддат рад кард ва гуфт, «ман ҳеҷ муомилае бо Русия надорам. Ҳеҷ қарзе ҳам аз ин кишвар надорам».

Доналд Трамп аз бимаи дармонии ҳукумати Барак Обама интиқод карда, ба сохтмони девор дар марзи Мексика низ таъкид кард. Ӯ гуфт, ба маҳзи вуруд ба Кохи Сафед бо Мексика бар сари сохтмони девор музокира хоҳад кард ва корҳои бунёди ин девор ба суръат оғоз хоҳад шуд. «Ҳазинаи деворро Мексика ба мо хоҳад пардохт. Хоҳ ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ. Мексика хуб аст. Ман ошиқи мардуми Мексика ҳастам. Давлати Мексика ҳам хуб аст. Ман онҳоро барои баҳрагирӣ ё сӯиистифода аз Амрико гунаҳкор намедонам. Вале деворро месозем ва ҳукумати Мексика пули деворро хоҳад дод.»

Нӯҳ рӯзи дигар - Трамп дар Кохи Сафед

Доналд Трамп, намояндаи 70-солаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки як умр ба тиҷорат машғул буда, ҳеҷ гоҳ дар ниҳоди давлатӣ кор накардааст, дар интихоботи моҳи ноябри соли гузашта пирӯз шуд ва маросими адои савгандаш рӯзи 20 январ баргузор мешавад. Вай дар Кохи Сафед Барак Обамаро иваз хоҳад кард, ки тӯли ҳашт соли гузашта раҳбарии ин кишвари абарқудрати ҷаҳонро бар ӯҳда дошт ва рӯзи 11 январ бо суханронии охиринаш ба ҳайси раиси ҷумҳур бо мардум худоҳофизӣ кард.

Обама созиши ҳастаӣ бо Эрон, барқарории равобит бо Куба, қатли Усома бин Лодин, раҳбари пешини «Ал-Қоида»-ро аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони раҳбарияш донист ва гуфт, Амрикои нерӯмандеро ба мерос мегузорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG