Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон: Русия бояд барои амалҳояш ҷавоб гӯяд


Рекс Тиллерсон, номзади президенти мунтахаб ба мақоми Котиби давлатии Амрико, ки рӯзи 11 январ дар Сенати ИМА ба суолҳои намояндагон посух медод, вокуниши маъмурияти Обамаро ба ишғоли Қрим бисёр заъиф хонд ва гуфт, ки посух, бо шумули кӯмаки низомӣ бояд қавитар мебуд.

Ба гуфтаи Тиллерсон, "Русия дар арсаи ҷаҳонӣ барои худаш ҷойгоҳи нав мехоҳад ва вақтҳои ахир ба амалҳое даст зад, ки ба манофеи Амрико мухолифат доранд". Ӯ ҳамзамон ба муколама бо Маскав, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм даъват кард.

Тиллерсон ҳамлаҳои ҳакерии Русия алайҳи Амрикоро "нороҳаткунанда" унвон кард. Аммо гуфт, ӯ дар мавқее нест, ки воқеияти арзёбиҳои истихбороти ИМА-ро, ки ҳамлаҳо бо дастури президент Путин анҷом шудаанд, тайид кунад.

Мақомоти истихбороти Амрико ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки Русия ин ҳамлаҳоро ба хотири кӯмак ба Трамп, номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ анҷом дод, ки хоҳони равобити беҳтар бо Русия аст.

XS
SM
MD
LG