Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Беларус мағлуб шуд 


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсиюни байнулмилалии футбол) Валентин Гранаткин дар бозӣ барои ҷойҳои 9-16-ум аз дастаи Беларус аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 6:7 шикаст хӯрд.

Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия то рӯзи 21-уми январ идома хоҳад кард.

Замони асосии ин бозӣ, ки шоми шанбеи 14-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар заданизарбаҳои 11-метрӣ кори мунтахаби Беларус омад кард ва бо ҳисоби 7:6 пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамакнун футболбозони ҷавони тоҷик барои ҷойҳои 13-16-ум мубориза мебаранд. Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 17-уми январ бо дастаи мағлуби бозии ҷуфти Литва – Молдова, ки имрӯз 15-уми январ маълум мешавад, рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур дар сабқати гурӯҳи “А” дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голи ягонаро Эҳсони Панҷшанбе аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд. Вале футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ аз мунтахаби Булғористон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гаштанд. Мунтахаби Тоҷикистон бозии севумашро бо мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ба як голи эстониҳо, Шериддин Бобоев бо гол посух дод.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “А” мунтахаби Юнон бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Булғористон бо 4 имтиёз дувум шуд. Тоҷикистон низчор имтиёз гирифт, вале бо назардошти натиҷаи бозӣ миёни ҳарду, Тоҷикистон баъди Булғористон дар зинаи севум ҷойгир шуд. Эстония бо ду имтиёз ҷойи охиринро соҳиб гашт.

Ҳамин тариқ, дастаҳои Юнон ва Булғористон, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд, муборизаро барои ҷоизаҳои мусобиқа идома медиҳанд. Вале дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-16-ум талош мекунанд. Дар гурӯҳи “В” дастаи Русия бо 9 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Латвия бо 4 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи “С” дастаҳои Қазоқистон ва Словакия бо 5-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро ишғол карда, ба ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ мушарраф шуданд. Дар гурӯҳи “D” дастаи Санкт-Петербург бо 6 имтиёз ҷойи аввал ва тими Словения бо 5 имтиёз ҷойи дувумро гирифтанд ва ба даври чорякниҳоӣ баромаданд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро гирифтанд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош доранд.

Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия то рӯзи 21-уми январ идома хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, 18 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд.

Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шуда буд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол карданд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил доданд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро гирифтанд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош доранд. Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад.

Мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин

Ҳайатҳои гурӯҳҳо:

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон, Булғористон, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Русия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт–Петербург, Эрон.

Тақвими бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

8 январ (якшанбе)
Тоҷикистон – Юнон – 1:0
Булғористон – Эстония - 0:0
Латвия – Беларус - 2:2
Русия – Ҳиндустон – 8:0

9 январ (душанбе)
Литва – Озарбойҷон – 2:1
Словакия – Қазоқистон – 0:0
Молдова – Словения – 0:0
Санкт-Петербург – Эрон – 2:1

10 январ (сешанбе)
Эстония – Юнон – 0:4
Булғористон – Тоҷикистон – 1:0
Ҳиндустон – Беларус– 1:0
Русия – Латвия – 1:0

11 январ (чоршанбе)
Қазоқистон – Озарбойҷон – 2:2
Словакия – Литва – 0:0
Эрон – Словения – 1:1
Санкт-Петербург – Молдова – 3:0

12 январ (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Эстония – 1:1
Юнон – Булғористон- 4:0
Латвия – Ҳиндустон – 4:1
Беларус – Русия – 0:3

13 январ (ҷумъа)
14:00 – Литва – Қазоқистон – 0:2
16:15 – Озарбойҷон – Словакия – 0:1
18:30 – Молдова – Эрон – 0:5
21:00 – Словения – Санкт-Петербург – 3:0

Тақвими бозиҳои плей-офф

14 январ (шанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум

Тоҷикистон – Беларус – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 6:7)
Ҳиндустон – Эстония - 1:2

15 январ (якшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум
14:00 – №27 – Литва – Молдова
16:15 – №28 – Эрон – Озарбойҷон

Бозиҳои чорякниҳоӣ
18:30 – №29 – Юнон– Латвия
21:00 – №30 – Русия – Булғористон

16 январ (душанбе)

Бозиҳои чорякниҳоӣ
18:30 – №31 – Қазоқистон – Словения
21:00 – №32 – Санкт-Петербург – Словакия

17 январ (сешанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 13-16-ум
14:00 – №33 – Тоҷикистон – Мағлуби №27
16:15 – №34 – Ҳиндустон – Мағлуби №28

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум
18:30 – №35 – Беларус – Ғолиби №27
21:00 — №36 – Эстония – Ғолиби №28

18 январ (чоршанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум
14:00 – №37 – Мағлуби №29 – Мағлуби №31
16:15 – №38 – Мағлуби №30 – Мағлуби №32

Бозиҳои ниманиҳоӣ

18:30 – №39 – Ғолиби №29 – Ғолиби №31
21:00 – №40 – Ғолиби №30 – Ғолиби №32

20 январ (ҷумъа)

Бозиҳо барои ҷойҳои 15-16-ум
14:00 – №41 – Мағлуби №33 – Мағлуби №34

Бозиҳо барои ҷойҳои 13-14-ум
16:15 – №42 – Ғолиби №33 – Ғолиби №34

Бозиҳо барои ҷойҳои 11-12-ум
18:30 – №43 – Мағлуби №35 – Мағлуби №36

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-10-ум
21:00 – №44 – Ғолиби №35 – Ғолиби №36

21 январ (шанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 7-8-ум
13:00 – №45 – Мағлуби №37 – Мағлуби №38

Бозиҳо барои ҷойҳои 5-6-ум
15:15 – №46 – Ғолиби№37 – Ғолиби №38

Бозиҳо барои ҷойҳои 3-4-ум
17:30 – №47 – Мағлуби №39 – Малуби№40

Бозии ниҳоӣ

21:00 – №48 – Ғолиби №39 – Ғолиби №40

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG