Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии охирини Тоҷикистон дар мусобиқаи Гранаткин бо Ҳиндустон


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи муовини аввали раиси ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин охирин бозиашро барои ҷойҳои 15-16-ум рӯзи 20-уми январ бо дастаи Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Мунтахаби Ҳиндустон дар бозӣ барои ҷойҳои 13-16-ум аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар ин бозӣ, ки 17-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, Шарифӣ дар дақиқаи 39-ум ба самар расонд. Эрониҳо барои ҷойҳои 13-14-ум рӯзи 20-уми январ бо мунтахаби Литва рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, 17-уми январ дар бозӣ барои ҷойҳои 13-16-ум аз дастаи Литва аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4-5 шикаст хӯрд.

Имрӯз, 18 январ, нахуст бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум миёни дастаҳои мунтахаби Латвия – Словения ва Булғористон – Словакия баргузор мешавад. Баъдан бозиҳои ниманиҳоӣ байни дастаҳои Юнон – Қазоқистон ва Русия – Санкт-Петербург барпо мегарданд.

Ғолиби ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ рӯзи 21-уми январ дар бозии ниҳоӣ маълум хоҳад шуд.

14 январ (шанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум

Тоҷикистон – Беларус – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 6:7)
Ҳиндустон – Эстония - 1:2

15 январ (якшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум
Литва – Молдова – 2:2 (аз рӯи пеналтӣ – 3:4)
Эрон – Озарбойҷон – 0:1

Бозиҳои чорякниҳоӣ
Юнон– Латвия – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 8:7)
Русия – Булғористон – 3:0

16 январ (душанбе)

Бозиҳои чорякниҳоӣ
Қазоқистон – Словения - 2:0
Санкт-Петербург – Словакия - 1:1 (замони изофӣ – 3:2)

17 январ (сешанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 13-16-ум
Тоҷикистон – Литва – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 4:5)
16:15 - Ҳиндустон – Эрон – 0:1

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум
18:30 – Беларус – Молдова – 4:0
21:00 —Эстония – Озарбойҷон – 0:3

18 январ (чоршанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум

14:00 – Латвия – Словения

16:15 – Булғористон – Словакия

Бозиҳои ниманиҳоӣ

18:30 – Юнон – Қазоқистон

21:00 – Русия – Санкт-Петербург

20 январ (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойҳои 15-16-ум

14:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон

Бозӣ барои ҷойҳои 13-14-ум

16:15 – Литва - Эрон

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG