Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фотимаи ҳиҷобпӯш ситораи ҳоккей Алекс Овечкинро ба ваҷд овард


Рӯзи чоршанбе Фотима Ал-Алии 26-сола ба орзуи деринааш расида, дар пойтахти ИМА бо дастаи ҳокеййи Вашингтон Кепиталс (Washington Capitals) тамрин намуд. Соли гузашта варзишгари номдор- собиқ капитани дастаи Вашингтон Кепиталс (Washington Capitals) Петер Бондра аснои зиёрат аз Имороти Муттаҳидаи Араб шоҳиди доварии Фотима дар як қуваозмоии дастаҳои мардонаи ҳоккей шуд.

Вақте Бондра ҳунари ҳокейбозиву ҳаракати Фотимаро дар рӯи ях мебинад, ба ҳайрат омада, тасмим мегирад, ки ин ҳаводори дастаашонро ба Вашингтон даъват кунад. Петер Бондра дар ин бора гуфт, ки "ба ҳайси ҳоккейбози ҳирфаӣ ман аз ҳунари ӯ тааҷҷуб кардам. Кас бовар намекунад, ки ӯ дар тӯли ҳамагӣ шаш сол чунин малакаву ҳунарро аз худ кардааст."

Моҳи равон дар чорчӯби барномаи Лигаи миллии Ҳоккей бо номи "Ҳоккей барои ҳама" Бондра, ки яке аз маъмурони Вашингтон Кепиталс мебошад, Фотимаро ба зиёрат аз пойтахти ИМА ва шиносоӣ бо ҳоккейбозони дастаи дӯстдоштааш даъват кард.

Фотима имкон ёфт бо ҳоккейбозони Вашингтон Кепиталс (Washington Capitals) аз ҷумла ҳоккейбози дӯстдоштааш Александр Овечкин, ки моҳи гузашта соҳиби чавгони тилоии Лигаи миллии ҳоккей шудааст, тамрин карда, ҳунари худро низ намоиш диҳад. Александер Овечкин дар ин бора гуфт, "ин хеле хуб аст. Воқеан, ӯ шахси бузург аст. Ӯ орзу дошт, ки ба ин ҷо ояд ва бо ману дастаамон вохӯрда, қуваозмоиро тамошо кунад. Ин хеле хушоянд аст."

Худи Фотима ҳам тасдиқ мекунад, ки ҳоккейбозиро хеле дӯст медорад ва аз ин сафараш хеле хушҳол аст: "Ин бозӣ гуногуншакл аст. Амал дорад, доду гирифт дорад. Шумо шоҳиди бархӯрдҳо, ҳаракат, ҳадафгирӣ ва зарба мешавед. қуваозмоӣ босуръат аст. Кас ҳаловат мебарад."

Фотимаи ҳиҷобпӯш ситораи ҳоккей Алекс Овечкинро ба ваҷд овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

XS
SM
MD
LG