Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19-ум то 26-уми феврал дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар чор варзишгар - Баҳриддин Ғоибов, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназари Турсунмурод, инчунин мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев дохиланд. Варзишгарони тоҷик рӯзҳои 22-24 феврал дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи хурд ва слаломи бузург ширкат хоҳанд кард.

Имрӯз, 17 феврал, дар макони баргузории Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ маросими барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ ҳудуди 1500 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 30 кишвари қора иштирок хоҳанд кард. Мусобиқот аз рӯи 11 намуди варзиш - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек - баргузор хоҳад шуд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар Саппоро 19-уми феврал барпо мегардад.

Бояд тазаккур дод, барои севумин бор аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мешавад. Аз ин пеш солҳои 1986 ва 1990 дар ин ҷо Бозиҳои зимистонаи қитъавӣ баргузор шуда буданд. Дар Саппоро соли 1972 Бозиҳои XI зимистонаи олимпӣ низ доир шудаанд. Саппоро, ҳамчунин мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2002-юм буд.

XS
SM
MD
LG