Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар як зиёратгоҳи сӯфиён дар Покистон. ВИДЕО


Pakistan -- Devotees are silhouetted as they gather at the tomb of Sufi saint Syed Usman Marwandi, also known as the Lal Shahbaz Qalandar shrine, after Thursday's suicide blast, in Sehwan Sharif, Pakistan's southern Sindh province, February 17, 2017.
Pakistan -- Devotees are silhouetted as they gather at the tomb of Sufi saint Syed Usman Marwandi, also known as the Lal Shahbaz Qalandar shrine, after Thursday's suicide blast, in Sehwan Sharif, Pakistan's southern Sindh province, February 17, 2017.

Шоми рӯзи 16 феврал бар асари як ҳамлаи маргталабон дар зиёратгоҳи сӯфиён дар ҷануби Покистон 72 нафар кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст.

Шоми рӯзи 16 феврал бар асари як ҳамлаи маргталабон дар зиёратгоҳи сӯфиён дар ҷануби Покистон 72 нафар кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст.

Субҳи рӯзи ҷумъаи 17 феврал ходимони масҷиди Лаъл Шаҳбоз Қаландар тибқи анъана табл навохта мардумро ба ибодат даъват карданд, вале нерӯҳои амниятӣ дар даромадгоҳи масҷид мавқеъ гирифта буданд ва вуруд манъ буд. Сокинони шаҳри ҷанубии Сеҳван Покистон ба ёди қурбониҳои ҳамлаи 16-уми феврал мотам доранд.

Шумораи қурбониҳои ин бомбгузории маргталабона дар ин масҷиди сӯфиён ба 80 нафар расида, беш аз 100 каси дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористонҳои маҳаллӣ интиқол ёфтаанд.

Шумораи қурбониҳои ин бомбгузории маргталабона дар ин масҷиди сӯфиён ба 80 нафар расида, беш аз 100 каси дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористонҳои маҳаллӣ интиқол ёфтаанд. Ҳамла ба Масҷиди Лаъл Шаҳбоз Қаландар як ҳафта баъд аз оғози маъракаи нави ҳамлаҳои Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ба вуқӯъ пайваст.

Осиф Меҳмон, як бошандаи маҳал мегӯяд, ки "ман шоҳиди рӯзи қиёмат шудам. Тамоми ҳавлии масҷиди Лаъл Шаҳбоз Қаландар саршор аз ҳазорҳо нафар буд. ҳама гиряву нола мекарданд. Касе ба кӯмакам наомад."

Ҳалокати 72 нафар дар таркиши зиёратгоҳи сӯфиён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

Гурӯҳи даҳшатафкани ба номи "Давлати исломӣ" масъулияти ин бомбгузории маргталабонаро бар дӯш гирифтааст. Ҳукумати вилояти Синд эълон кард, ки ҳамла "амали террористӣ" мебошад ва дар давоми се рӯзи мотам парчамҳо бояд нимаафрохта бошанд. Ду вилояти дигари Покистон Хайбар Пахтунхоҳ ва Балуҷистон ҳам як рӯз мотам мегиранд.

Бомбгузори маргталаб маводи таркандаро замоне фаъол кард, ки масҷид саршор аз ибодаткунандагон буд. Дар пайи ҳамла камаш 72 нафар ва аз ҷумла 30 кӯдак ба ҳалокат расиданд.Сокинони Синд мегӯянд, ки ин таркиш мардуми сулҳдӯсти вилоятро ба ваҳшат овардааст.

Абдусаттор Меҳмон, як бошандаи ин маҳал мегӯяд, ки "аз ин ҳодиса ин қадар ғамгинам, ки намедонам чӣ гӯям? Таъмини амнияти хеле заиф аст. Мақомот бояд тамоми меҳмонсароҳои ғайрирасмиро зери назорат гиранд, то аз такрори чунин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд".

Баъди ҳамла Покистон бо ишора ба чораҳои амниятӣ, марз бо Афғонистонро баст. Ба қавли хабарнигори "Рейтерс" ошӯбгарон дар ҳар ду тарафи марзи Покистону Афғонистон фаъол мебошанд. Сарвазири Покистон Навоз шариф ҳамла болои ақаллияти сӯфиёнро маҳкум кард.

Кишварҳои зиёде ин ҳамлаи террористӣ дар Покистонро, ки сабаби ҳалокати даҳҳо нафар аз мардуми бегуноҳ шуд, маҳкум карданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар робита ба ин ҳамлаи маргбори терористӣ, ба унвони нахуствазири он кишвар Навоз Шариф номаи тасаллиф фиристодааст.

Дар ин барқия гуфта мешавад, ки "хабари фоҷиабори таркиши маргталабонаи террористӣ дар ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд, ки муҷиби шаҳодати даҳҳо зоирону мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони кишвар гардидааст, моро ниҳоят андӯҳгин намуд."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамларо маҳкум намуда ва онро амали ғайриинсонӣ хондааст ва ба зарурати идомаи муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризм таъкид кардааст. "Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Покистон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзумандам",-омадааст дар ин нома.

Ҳамла ба зиёратгоҳи сӯфиёни Покистон 80 кушта ба ҷой гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

XS
SM
MD
LG