Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфу тӯфон монеи футболи дастаҳои Тоҷикистон нашуд (АКС)


Барфи зиёд монеи рақобати Истиқлол ва Регар Тадаз нашуд.
Барфи зиёд монеи рақобати Истиқлол ва Регар Тадаз нашуд.

Сабқати интихобии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба анҷом расид. Чаҳор даста – “Истиқлол” (Душанбе), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Кӯктош” (Рӯдакӣ) ва “Равшан” (Кӯлоб), ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд, муборизаро барои Ҷоми ФФТ ва медалҳо идома медиҳанд.

Рӯзи 17 феврал бозиҳои ниҳоии сабқати гурӯҳи «А» баргузор шуданд. Бозии аввал миёни «Равшан» ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:0 поён ёфт. Дар бозии дигар «Кӯктош» бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «А» дорандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи порсолаи лигаи аввал - «Кӯктош», ки шаш имтиёз гирифт, мақоми аввалро касб кард. «Равшан», ки имсол дар лигаи аввал бозӣ мекунад, бо панҷ имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуд. Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Хуҷанд» бо дуимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севум ва чаҳорум қарор гирифтанд.

Рӯзи 18 феврал ду бозии даври охирини сабқати гурӯҳи “Б” баргузор шуд. Ҳарду бозӣ дар майдони пурбарф сурат гирифт. Нахуст «Ҳулбук»-и Восеъ дастаи «Ашт»-и ноҳияи Аштро бо ҳисоби 8:4 шикаст дод. Дар бозии дигар “Истиқлол” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Бозӣ дар чунин шароит барои футболбозони тоҷик ғайримуқаррарӣ аст.
Бозӣ дар чунин шароит барои футболбозони тоҷик ғайримуқаррарӣ аст.

Дар гурӯҳи “Б” дастаи «Истиқлол», ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб омад, бо нӯҳ имтиёз мақоми аввалро касб кард. «Регар-ТадАЗ» бо шаш имтиёз дувум шуд. «Ҳулбук» бо се имтиёз ҷойи севумро соҳиб гашт. «Ашт» бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чорум – ҷойгир шуд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» – «Равшан» рақобат мекунанд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба иллати боридани барф бозиҳои ниманиҳоӣ ба рӯзи чоршанбеи 22 феврал гузаронида шуданд. Бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ рӯзи ҷумъаи 24 феврал барпо мегарданд.

Ҷоми ФФТ-2017. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

«Равшан» – «Хуҷанд» – 0:0

«Кӯктош» – «Ҳосилот» – 3:2

Голҳо: Акуффо Гершон, 9 (0:1). Агблей Ҷонс, 27 (0:2). Эҳсон Бобоев, 60 (1:2). Адҳам Абдуллоев, 63 (2:2). Собир Холматов, 67– аз пеналтӣ (3:2).

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

2

0

1

4-3

6

2

«Равшан» (Кӯлоб)

3

1

2

0

2-1

5

3

«Ҳосилот» (Фархор)

3

0

2

1

4-5

2

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

0

2

1

1-2

2

Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм

«Ҳулбук» – «Ашт» – 8:4

Голҳо: Дилмурод Донаев, 26 (0:1). Исохӯҷа Раҳматов, 33 (1:1). Насим Соҳибназаров, 39 (2:1). Зоир Холматов, 45 (3:1). Дилмурод Донаев, 56 (3:2). Юсуф Зоиров, 62 (4:2). Исохӯҷа Раҳматов, 66 (5:2). Мӯҳсин Додоҷонов, 73 (5:3). Зоир Холматов, 80 (6:3). Некрӯз Қосимов, 84 (7:3). Бахтиёр Эркаев, 88 (7:4). Вориси Шерзод, 89 – аз пеналтӣ (8:4).

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 2:4

Голҳо: Ҷаҳонгир Алиев, 21 (0:1). Евгений Хотимский, 24 (1:1). Ҷаҳонгир Алиев, 30 (1:2). Дилшод Бозоров, 41 – аз пеналтӣ (2:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 48 (2:3). Дилшод Восиев, 75 – аз пеналтӣ (2:4).

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

29-3

9

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

2

0

1

13-6

6

3

«Ҳулбук» (Восеъ)

3

1

0

2

8-20

3

4

«Ашт» (Ашт)

3

0

0

3

7-28

0

Бозиҳои ниманиҳоӣ

22 феврал (чоршанбе)

14:00 – «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

17:00 – «Истиқлол» – «Равшан»

24 феврал (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

17:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG