Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди афғон ба писараш номи президенти Тоҷикистонро гузошт. ВИДЕО 


Эмомалӣ охири моҳи феврали имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба дунё омад
Эмомалӣ охири моҳи феврали имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба дунё омад

Як ҷуфти афғон тифли навзоди худро, ки тариқи ҷарроҳӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) бо кумаки пизишкони тоҷик ба дунё омадааст, Эмомалӣ номиданд. Ин ҷуфт гуфтанд, ин номро ба хотири Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – гузоштаанд, ки ба қавли онҳо барои табобат ва ҷарроҳӣ марзро ба рӯяшон боз кардааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Як оилаи афғон номи писари худро Эмомалӣ гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Интиқоли ҳамсари бемори Вайсиддин ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бар асоси шартномае имконпазир шудааст, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли 2012 имзо гардидааст.

Вайсиддин валади Зайниддин, сокини деҳаи Чашмаи Тути улусволии Бадахшони Афғонистон рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, охири моҳи феврали имсол ҳамсарашро дарди зоймон фаро гирифт ва онҳо дар ҳолати ночорӣ дари Тоҷикистонро кӯфтанд. «Пизишкони маҳаллӣ дар Маркази улусволии Хоҳон гуфтанд, ки бидуни ҷарроҳӣ таваллуди кӯдак имкон надорад. То Кобул, пойтахти Афғонистон роҳ дуру баста буд ва дар ҳудуди улусволии Хоҳон пизишкон барои ҷарроҳӣ вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, давоми ду соат аз Хоҳон то ноҳияи Шамсиддин Шоҳин расидем ва пас аз як соати ҷарроҳӣ садои тифл шунида шуд». – гуфт ӯ.

Вайсиддин валади Зайниддин
Вайсиддин валади Зайниддин

Ин шаҳрванди Афғонистон афзуд, “Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои мо хидмати бисёр кардааст. Барои мо роҳ кушодааст ва мушкилоти моро ҳал мекунад. Барои ҳамин, номи кӯдакамро Эмомалӣ гузоштам.”

Интиқоли ҳамсари бемори Вайсиддин ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бар асоси шартномае имконпазир шудааст, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли 2012 имзо гардидааст. Бар асоси ин шартнома, ки ҳангоми оғози сохтмони пули Хоҳон-Шӯрообод болои рӯдхонаи Панҷ баста шудааст, сокинони бемори навоҳии наздимарзии Афғонистон имкони расидан то беморхонаро пайдо мекунанд.

Хоҳон як улусволии дурафтода дар Афғонистон аст, ки то марказҳои маъмурӣ роҳи ҳамвору осонгузар надорад. Дар ду моҳи охир бори дувум аст, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон занони афғон тариқи ҷарроҳӣ тифл ба дунё меоранд.

Марямбибии Пирназар
Марямбибии Пирназар

Марямбибии Пирназар, ҳамсари Вайсиддин дар сӯҳбат бо мо гуфт, бинобар норасоии момодояҳо занони деҳаи онҳо ҳангоми таваллуди кӯдак ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, то боз шудани роҳ то ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон борҳо занони деҳаи онҳо ва деҳоти ҳамсоя ҳангоми таваллуди тифл ҷон бохтаанд.

"Мушкилот зиёд аст. Бахусус занҳое, ки таваллуди тифлашон дар зимистон аст, нигарониҳои зиёде доранд. Шукр, ки инҷо ҳоло як миқдор мушкилоти мо ҳал мешавад", - гуфт ин зани афғон.

Ҳукмиддин Хоҷаев, муовини сардухтури бемористони марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз замони баста шудани шартнома даҳҳо сокини навоҳии наздимарзии Афғонистон дар инҷо табобат гирифтаанд. Вай афзуд, «бештар онҳо барои ҷарроҳӣ ба мо муроҷиат мекунанд. То анҷоми табобат дар беморхона мемонанд. Ҳатто ҳолатҳое низ ҳаст, ки онҳо аз зарби тир маъюб шуда, дар инҷо табобат мегиранд. Мо он вазифае, ки дар наздамон гузошта шудааст, кӯшиш мекунем, сарбаландона иҷро кунем.»

Волидони як кӯдаки афғон гуфтанд, ки ба ӯ номи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро гузоштаанд
Волидони як кӯдаки афғон гуфтанд, ки ба ӯ номи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро гузоштаанд

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо Афғонистон наздик ба 150 километр хатти марзи назораташ душвор дорад. Соли гузашта дар бемористони марказии ин ноҳия 14 бемори афғон табобат гирифтаанд. Харҷи роҳ ва табобати онҳоро Бунёди Оғохон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мепардозад.

Давоми панҷ соли охир, ки интиқоли беморон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, яъне Шӯроободи пешин оғоз шуд, то ҳол бештар аз 100 нафар дар инҷо ҷарроҳӣ шудааст. Соли 2013 дар марзи миёни Шӯрообод ва Хоҳон ба дарозии 180 метр пул сохта шуд. Бунёди Оғохон бо маблағгузории беш аз 3 миллион долари ҳукумати Олмон дар соли 2012 ба бунёди ин пул оғоз кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи ин пул ба сокинони навоҳии наздимарзӣ, ки дар он сӯи марз ҷамъ омада буданд, ваъда дод, ки барои интиқоли беморонашон ба Шӯрообод роҳ мекушояд. Дар пайи ин иқдом Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои интиқоли беморони афғон як мошини ёрии таъҷилӣ ҳам дод.

XS
SM
MD
LG