Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дордой” барои бозӣ бо “Истиқлол” ба Душанбе омад


Дастаи “Дордой”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, ки 12-уми март барои бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 муқобили тими “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, ба Душанбе омад, бегоҳи якшанбе дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аввалин тамринашро анҷом дод.

Ба ҳайати бошгоҳи “Дордой”-и Бишкек 28 кас шомиланд, ки дар меҳмонхонаи «Атлас» ҷойгир шудаанд. Мурод Ҷумъакеев, сармураббии дастаи “Дордой”, ба бозӣ бо “Истиқлол” 18 бозигар, аз он ҷумла се легионер, овардааст.

Ҳайати «Дордой» дар бозӣ муқобили «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Валерий Кашуба, Максим Зинченко;

Ҳимоятгарон: Егор Потапов (Русия), Тоҳир Авчиев, Талант Самсалиев, Курсанбек Шератов, Одил Бекболатов, Бактай Талайбек уулу, Ғайрат Кулибоев, Даниэл Тэго;

Ниҳимоятгарон: Ислом Шамшиев, Бекҷон Сагинбоев, Павел Сидоренко, Авазбек Откеев;

Ҳамлагарон: Алишер Азизов, Абдулатиф Абдуқодиров (ҳарду – Узбакистон), Мирбек Аҳмадалиев, Ғайрат Жиргалбек уулу.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми март, пеш аз бозии “Истиқлол” ва “Дордой” дар меҳмонхонаи “Атлас”-и Душанбе нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, нахустин бозии дастаи “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “D” бо тими «Дордой» 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:30 шуруъ мешавад.

Довари ФИФА Ёқуб Юсуф Қосим Ҳасан Ал-Ҳаммадии 35-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) сардовари бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Дордой” таъин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Масъуд Ҳасан Исмоил Блук Фарди 39-сола ва Ҷумъа Ҳамид Носир Ал-Муҳайнии 36-сола - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Ҳамад Алӣ Юсуф Абдулло Ал-Алии 33-сола аз ИМА вогузор шудааст. Ҷассим Муҳаммад аз Қатар нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Зимнан, дастаи “Дордой” аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ (1:0, 1:1) муқобили “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, ғолиби плей-офф шуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 роҳ ёфтааст.

“Дордой”, қаҳрамони 9-каратаи Қирғизистон, дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ шудааст.

Ҷоми AFC-2017

Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон)
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG