Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти “Ҳосилот” ва нахустин пирӯзии “Барқчӣ”


"Ҳосилот" зимни рақобат бо "Истиқлол
"Ҳосилот" зимни рақобат бо "Истиқлол

Рӯзи 18 март се бозии даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа - «Ҳосилот»-и Фархор - дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор аз дастаи мизбон - «Барқчӣ» - бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ҳисобро дар ин бозӣ Хайрулло Азизов, нимҳимоятгари фархориҳо, дар дақиқаи 17-ум боз кард. Баъди даҳ дақиқа Шаҳром Самиев, ҳамлагари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Нимаи дувуми бозӣ хеле тезу тунд гузашт. Голи ҳалкунандаро Ваҳдат Ханонов, бозигари “Барқчӣ”, дар дақиқаи 81-ум ба дарвозаи “Ҳосилот” зад. Вай бо дарвозабон Рустам Ризоев як ба як баромада, ӯро фиреб дод ва тӯбро вориди дарвоза кард.

Ин нахустин пирӯзии “Барқчӣ” ва аввалин бохти “Ҳосилот” дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бозиҳои дигари бегол

Бозии дигар миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Зимнан, дар дақиқаи 15-уми дидор Дилшод Бозоров, бозигари “Хуҷанд”, тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонда натавонист. Баъди зарбаи ӯ тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳам бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Зимнан, ин бозӣ, ки бар асоси тақвими мусобиқаи лигаи олӣ мебоист дар шаҳри Турсунзода баргузор мешуд, бо маслиҳати ҳарду даста дар майдони асосии Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид. Бозии давраи дуюм байни ин дастаҳо 17 июн дар шаҳри Турсунзода, дар варзишгоҳи «Талко-Арена», баргузор хоҳад шуд.

Даври севуми мусобиқа рӯзи якшанбеи 19 март бо бозӣ байни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба поён мерасад. Ин бозӣ дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 15:00 шуруъ мешавад.

Ба ин тартиб, дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Ҳосилот«-и Фархор бо 6 имтиёз аз се бозӣ дар зинаи аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 5 имтиёз дар зинаи дувум қарор доранд. «Истиқлол» бо 4 имтиёз аз ду бозӣ дар ҷойи севум аст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

Огоҳонида шуданд: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Азим Тошев, Алишер Шарифов, Бахтиёр Чориев, Саидхони Амрохон («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

18 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Ҳосилот» – 2:1

Голҳо: Хайрулло Азизов, 17 (0:1). Шаҳром Самиев, 27 (1:1). Ваҳдат Ханонов, 81 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров, Шаҳром Самиев, Мӯҳсинҷон Парпиев, Зиёвуддин Фузайлов («Барқчӣ»), Ойбек Абдуғаффоров, Саидалии Сафаралӣ, Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

18 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Хуҷанд» – 0:0

Аз пеналтӣ истифода карда натавонист: Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзохон (ССКА «Помир»), Дилшод Каримов, Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

18 март. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

19 март (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 15:00

«Вахш» – «Панҷшер»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Душанбе, Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

3

2

0

1

6-3

6

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

2

0

2-1

5

3

«Истиқлол» (Душанбе)

2

1

1

0

6-0

4

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

1

1

3-2

4

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

3

1

0

2

2-8

3

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

0

2

0

0-0

2

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2

0

1

1

0-2

1

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

2

0

1

1

1-4

1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 2-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG