Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хандаҳои гиряолуд. Ёде аз Имомназари Холназар. САДО


Рӯзи 21 март ёдбуди Имомназари Холназар, рӯзноманигори саршинос, ҳаҷвнависи шинохтаи тоҷик, аввалин сардабири ҳафтаномаи «Адолат» ва аз поягузорони Ҳизби демократии Тоҷикистон аст. Ӯ даҳ сол муқаддам – 21 марти соли 2007 – дар Наврӯз дар 55-солагӣ аз олам даргузаштааст.

Имомназари Холназар соли 1975 баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) оғоз кардааст. Баъдан то соли 1990 ӯ дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло “Ҷумҳурият”) ҳамчун хабарнигор, мудири шӯъба ва котиби масъул кор кард ва баҳори соли 1990 бинобар мухолифаташ бо бархӯрди ҳукумати вақти кишвар ба ҳаводиси баҳманмоҳ, аз мақом барканор шуд.

Аммо ӯ боз ҳам канор нарафт ва ба дунболи ин ҳафтаномаи «Адолат» - нашрияи Ҳизби демократии Тоҷикистонро таъсис дод ва худ аввалин сардабири он шуд. Ин ҳафтанома то шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин нашрияҳои вақт маҳсуб меёфт.

Имомназари Холназар дар замони ҷанги дохилӣ аз Тоҷикистон фирор шуд ва муддате дар Теҳрон, Маскав ва Олмотӣ ба сар бурд. Вай дар соли 2000-ум ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ нафаре буд, ки пайваста ба рӯи тазоди зиндагӣ ва марг механдид ва ҳатто ранҷеро, ки аз бемории қанд дошт, ҳамеша бо лабханд ниҳон менамуд. Вай кори эҷодиашро канор нагузошт ва то лаҳзаҳои вопасини умр бо қаламу коғаз ҳамроҳ буд. Китобҳои ӯ бо номҳои "Ҳар киву ҳар чи", "Ман ҳамин хел одам", "Боре набувад гаронтар аз ор", «Аз хандая мемурӣ» ва «Аҷаб замонаҳое...» дар солҳои гуногун нашр шудаанд ва чанд асари дигараш мунтазири чоп аст.

Имомназари Холназар ва тарафдорони ӯ ҷонбозиҳое карданд, ки Тоҷикистон ба ин рӯзи истиқлол бирасад. Онҳое, ки имрӯз дам аз истиқлол мезананд, бояд бидонанд, ки поягузорони ин истиқлол Имомназари Холназар ва ҳамроҳони ӯ буданд.

Бо Имомназар соли 1971, замоне ки ҳарду дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекардем, шинос шудам. Ман донишҷӯи курси сеюм будам, Имомназар дар курси якум мехонд. Банда, ки дар факулта масъули чорабиниҳои варзишӣ будам, донишҷӯёни боистеъдодро дарёфт ва ба дастаи мунтахаб ҷалб менамудам. Имомназарро, ки дар намудҳои футболу тенниси рӯи миз маҳорати хуб дошт, ба дастаи мунтахаб шомил кардам. Аз ҳамон вақт мо бо ҳам ошно шудем ва баъди хатми донишгоҳ дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Тоҷикистони Советӣ” ҳамроҳ кор кардем. Дӯстиамон бо Имомназар то охирин дам идома дошт. Ӯ дар ёду дили ман на фақат чун хабарнигори ошкорбаёну ҷасур ва адиби хушзавқ, балки чун шогирди бовафо, дӯсти ҷонӣ, инсони накӯхоҳу дардошно боқӣ мондааст.

Вай то охирин нафасаш талош кард, ки ҷавонмардона ақоиди сиёсиву иҷтимоиву фарҳангиашро ҳифз бикунад ва ҳамон Имомназаре буд, ки ман аз ибтидо мешинохтам. Зиндагияш барои ҳазорҳо нафар омӯзандаву ибратбахш буд. Вай ба ҳама меҳрубон буд, фарқе миёни инсонҳо намегузошт. Ба Имомназар тоҷик будан ё тоҷикистонӣ будан муҳимтар буд нисбат ба он ки аз кадом маҳал ё минтақа бошӣ. Яъне ӯ ба воқеъаҳо ва чеҳраҳои саршинос аз равзанаи маҳал наменигарист. Барои ӯ инсон, ҳунари инсон ва диди инсон бештар аҳамият дошт, то оне ки вай зода ва парвардаи куҷост.

Имомназар дар солҳои охири умраш ба иллати беморӣ хеле лоғар гашта буд. Ҳарчанд писараш Толеъ 340-345 кило вазн мебардорад, вазни сангинтарин дар дунё ва дар риштаи пауэрлифтинг қаҳрамони ҷаҳон аст, вале Имомназари Холназар бо ҳамон ҷуссаи хурд бисёр бори гарони зиндагиро бар дӯш дошт ва бузургиаш дар он буд, ки ҳамеша бо ҳазлу шӯхӣ он чизеро, ки дар дил ҷамъ мешуд, мебаровард. Ва ӯ ҳеҷ гоҳ ноумед намегашт ва ба оянда бо чашми умед менигарист.

Имомназари Холназар танз ва хандаро василае барои мубориза қарор дода буд, мубориза дар баробари беморӣ ва марге, ки ҳар лаҳза интизорашро дошт. Вай дар як суҳбати вижа бо банда, ки таҳти унвони “Хандаҳои гиряолуд” 17 ноябри соли 2005 дар ҳафтаномаи “Миллат” чоп шудааст, дар бораи охирин китоби танзомезаш бо номи “Аҷаб замонаҳое...” гуфта буд: “Аз унвони китоб маълум, ки он ҳаҷвист, яъне танқидӣ. Воқиъан, бе таъкид ҳам маълум, ки ҳаҷв аслан танқидӣ мешавад - танқиди замона, мазаммати нобасомониҳои зиндагиву камбудиҳои рӯзгор, мазоқу масхараи ашхоси алоҳида. Ҳаҷве, ки танқидӣ нашуд, мадҳия аст. Мутаваҷҷеҳ шавед ба унвони бобҳо ва зербобҳои китоб: «Тамасхури зиндагӣ», «Хандаҳои гиряолуд», «Дар миёни ханда мегирйем», «Ҳикоёти воқеъӣ», «Хотироти латиф». Аз ҳамин унвонҳо хулоса кардан душвор нест, ки мавзӯъ ва муҳтавои ин китоб чиро дар бар мегирад. Ин маҷмӯа барои ман аз он ҷиҳат азизтар аст, ки ҷамъбасти қариб понздаҳ соли умри эҷодии банда ба ҳисоб меравад.”

Имомназари Холназар нависандаи воқеънигор буд ва равишҳои рӯзноманигориро бо танз омезиш медод. Ҳарчӣ ӯ менавишт аз зиндагии рӯзмарраи давру бараш маншаъ мегирифт ва ҳаҷв, ҳазлу шӯхӣ барои адиб тарзи ҳаёт, сипар ва ҷавшане буд алайҳи зарбаҳои зиндагӣ.

Ба қавли Имомназари Холназар, барои ҳаҷвнигор ҷуръат бояд хислати муҳим бошад, агар ҷуръат набошад, маҳорати ҳаҷвнигорӣ ба маҳорати маддоҳӣ табдил меёбад. “Нигорандае, ки ҷуръат надорад, ҳатман побанди идеологияи замони худ мешавад ва эҷодаш ҳам аз доираи айёми зиндагиаш берун намеравад”, - мегуфт ӯ.

Хандаҳои гиряолуд. Ёде аз Имомназари Холназар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:02 0:00
Линки мустақим

Зимнан, ҳисси дарки ҳаҷв дар оилаи Холназаровҳо авлодист. Ман бо қиблагоҳи Имомназар - Ҳоҷӣ Холназар (рӯҳашон шод бод!) солҳои зиёд ошноӣ доштам, ки хеле шӯх буданд ва то охири умрашон шӯхӣ мекарданд. Дар китоби “Аҷаб замонаҳое...” Имомназар ба хушгӯиҳои падар боби алоҳидае бахшидааст. Биёед, бо овардани ҳикояе аз ин китоб рӯҳи Имомназар ва қиблагоҳашро шод гардонем:

“Дар маҷлиси фаъолони чорводории ноҳия лекторе аз пойтахт бартарии усулҳои ҷадиди парвариши ҳайвонотро гӯшрас карда, нақши мусиқиро дар осуда чаридану хобидани рама махсус таъкид мекунад. Рӯзи дигар котиби райком вақти гузаштан аз шафати ғаллазор садои хушнавои най мешунавад ва мошинро боздошта, сӯи садо роҳ мегирад ва мебинад, ки падар дар миёни гандумзор чорзону шишта, найнавозӣ дораду дар атрофаш раиси РайПО, сардори милиса, додситон ва чанд калоншавандаи дигари ноҳия хурроккашон, ба қавле барраворе хобанд - пушту пешашон пур аз шишаи холӣ.

Котиб аз падар мепурсад:

- Барои чӣ дар ин ҷо най менавозӣ?

Падар таваҷҷуҳи котибро ба хобидаҳои атроф ҷалб карда, пастакак мегӯяд:

- Барои он ки рама осуда хоб равад.

Имомназари Холназар дар китобҳояш ба шӯхиҳову хушгӯиҳои хонумаш Зебуннисо низ бобҳои алоҳида ҷудо кардааст. Ин сабаб дорад. Беш аз даҳ сол Имомназар гӯшанишин буд ва қаринтарин ҳамрозу ҳамдамаш ҳамсараш буд. Имомназару Зебуннисо ҳамсабақ буданд – 5 сол дар донишгоҳ ҳамроҳ таҳсил кардаанд. Имомназар мегуфт, ки солҳои донишҷӯӣ ҳама ҳамсабақонро бо ҳазлу шӯхӣ мулзам мекардааст ва фақат як нафар - хонумаш ӯро мулзам карда метавонист. Чӣ тавре Хоҷа Насриддинро фақат занаш метавонист, ки мулзам гардонад.

Аз китоби “Аз хандая мемурӣ” аз бобҳои “Зан агар... очаш намешуд” ва “Аз ёддошти очаи бачаҳо” чанд намуна меорем:

“Дардам хурӯҷ карду ба занам шикоят кардам.

Гуфт:

- Чӣ кор кунам?

Гуфтам:

- Ҳар вақте ки дардам боло мегирифт, чӣ кор мекардӣ?

Гунаҳкорона иқрор шуд:

- Манаҳбанд тайёр мекардам.”

*** *** ***

“Имома гуфтам:

- Чува шаб дар хобат гап задӣ?

Гуфт:

- Дар бедорӣ-ку намемонӣ, мон ақаллан дар хоб гап занам!”

*** *** ***

“Субҳ занак бедимоғ гуфт:

- Хез ҷогаҳа ғундорам, ки ҷӯраҳот меоянд, хоб дидаам.

Гуфтам:

- Хайр, чӣ қавоқ меандозӣ, дасти холӣ намеоянд-ку?

Гуфт:

- Ҳов, ду кило себ меоранд, лекин чор кило гӯшта хӯрда мераванд...”

*** *** ***

“Ҳини гусели Толеъҷон – писари аршади варзишкорамон ба мусобиқаи вазнабардорони ҷаҳон ҳама ба ӯ барор хоста, орзу кардем, ки ҳарчӣ бештар вазн бардорад. Фақат модараш насиҳат кард:

- Вазни зиёд набардор, бачам, боз миёнат дард накунад.”

Зебуннисои Имомёр, хонуми Имомназари Холназар, мегӯяд, "Имомназар барои мо ҳамеша зинда аст. Ҳамеша ёдаш мекунем, рӯзе нест, ки аз ягон ҳикояаш ёд наоварем, дар борааш ягон гапи хуш нагӯем, зеро одами хуб буд. Фарзандҳо ҳама ҷамъ мешаванд, ҳамеша ёдаш мекунанд. Ҷойи Имомназар ҳамеша дар дилу дидаҳои мо холӣ аст..."

Воқиъан, дар хонадони Холназаровҳо ҳама ба забони ҳаҷв ҳарф мезананд – ҳатто хурдсолони хонадон. Ҳарчанд ҳазлу хушгӯиҳои кӯдакона бешууронатаранд, вале самимианд, бе сояву нешу решанд. Таваҷҷӯҳ кунед, ба чанд ҳикоёти хурд аз боби «Гапи рост – аз забони кӯдак»:

Набераҳакома дар сари себе ҷанҷол шуд. Калонӣ зӯр баромаду себа соҳибӣ кард. Хурдӣ ба гиря даромад. Хоҳиш кардам:

- Самоҷон, себа хоҳаракта бите, бубин, чӣ хел гиря дорад-е?

Само гуфт:

- Себма хоҳарма бутум, баъд худум гиря кунум.

*** *** ***

Аз бемористон баъзан барои набераҳо мева мефиристодам. Дар хона Само аз момааш афлесун пурсид. Момааш гуфт, ки нест, тамом шуд.

Само сӯи банда рӯ оварда, илтиҷоомез гуфт:

- Бобоҷон, Шумо равен, боз дар касалхона хоб кунен.

*** *** ***

Аз боби “Сухани рост аз кӯдак бишунав”:

“Духтарчаам Мужда банан мехӯрд. Гуфтам:

- Камтар те.

Гуфт:

- Не.

Гуфтам:

- Дадата дӯст намедорӣ?

Гуфт:

- Медораму лекин банана бисёртар дӯст медорам.”

*** *** ***

“Писари миёнаам Ромиш синфи як мехонд. Коҳишаш кардам:

- Барои чӣ ду гирифтӣ?

Худро сафед кард:

- Ман нагирифтам, муаллима худашон доданд.”

*** *** ***

“Ҳамроҳи писари хурдиам Меҳроҷ аз хусуси Пеле (футболбози машҳур) суҳбат доштем. Духтарчаам Мужда низ ҳамроҳ шуд. Меҳроҷ гуфт:

- Э рав, бозӣ кун, ту Пелера аз куҷо медонӣ.

Мужда гуфт:

- Чува намедонистам, пеле қаҳва аст, қаҳваи дӯстдоштаи очам...”

*** *** ***

“Вақти шустушӯ очааш Ромиши хурдсола коҳиш кард:

- Ё тоба, аз сару рӯят чангу хок мерезад-е.

Ромиш посух дод:

- Чӣ, шумо мехостед, ки тилло резад...”

Барои хонандагон боз чанд намунае аз китоби “Аҷаб замонаҳое...” пешкаш мекунем.

“Як хонуми хешамон хона омаду ҳангоми сӯҳбат изҳор дошт, ки дар кадом як ташкилоти байналхалқӣ кор мекунаду чаҳорсад доллар маош мегирад. Ҳамон рӯз устоямон Ҳусейн хуб кор карду таърифаш кардам:

- Лекин мисли ҳафт мард кор мекунӣ-да, усто.

Аз сӯҳбати мо бо хешдухтарамон огоҳ будааст, ки бедимоғ гуфт:

- Рост, мисли ҳафт мард кор мекунам, лекин чун як зан маошам намедиҳӣ.

*** *** ***

Соати яки шаб занги дарвоза баланд шуд, кушоям ҳампешаам Хурсанд Ҷумъазода. Ҳамин ҳоло аз Самарқанд омада будааст. Барои ташрифи нобаҳангомаш узру маънии бисёр кард ва афзуд:

- Фикр кардам, ки дар ин бевақтӣ хонаи кӣ равам. Ту ба ёд омадӣ. Охир, нози хара хар мебардорад.

*** *** ***

“Дар дафтари шоир Салимшо Ҳалимшо як гурӯҳ кормандони рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» шоҳмот мезаданд. Котиби масъул дарро мекушояд, ки дуди сигор дар фалак, фазои ҳуҷра ғализ. Салимшо таклиф мекунад:

-Биё, шин, шоҳмот занем.

Котиб рад мекунад.

- Дар утоқи шумо хар намешинад.

Салимшо нимғурма мегӯяд:

- Ин хел бошад, рав.

*** *** ***

“Раҷаб Мардон ин журналист ва нависандаи зиндадилро баъди бозгашт ба ватан тавре дидам, ки ҳашт сол қабл дида будамаш: шодону хандон, базлагӯ ва ширакайф. Чандон тағйир наёфта, вале мӯи сараш сап-сафед гашта буд. Сабаб пурсидам. Гуфт:

- Барои он ки ҳар рӯз арақи сафед мехӯрам, агар коняк мехӯрдам, мӯям сурх мешуд.”

*** *** ***

“Занак дастархон кушод, ош овард, салат овард. Раҷаб Мардон ба ош даст назада фарёд зад:

- Янга арақ биёр!

Занак гуфт:

- Арақ нест!

Раҷаб Мардон:

- Арақ ки набоша, чиба ош овардӣ? Ман фақат чоя беарақ мехӯрум!..”

*** *** ***

“Мақсуд Ҳусейн – рӯзноманигори зиндаёди тоҷик (равонаш шод бод!) аз аҳволи адибони баркамоли барҷомонда мунтазам хабар мегирифт.

Боре меҳмони устод Ҷалол Икромӣ мешавад. Ҳамсари устод дастархон мекушояд. Муаллим Мақсудҷона мепурсанд, ки майли нӯшидан дорад ё на. Мақсудҷон бо аломати ризо сар меҷунбонад. Вале баъди овардани ғизо устод арақро фаромӯш мекунанд. Мақсудҷон ба хӯрок даст намезанад. Муаллим меҳрубонӣ мекунанд.

- О, хӯрока гир, Мақсудҷон, чаро намегирӣ?

Мақсудҷон посух медиҳад:

- Ман баъди хӯрок нӯшида наметавонам, муаллим.

Устод Икромӣ ноилоҷ арақ меоранд.”

*** *** ***

“Устод Тоҳири Абдуҷаббор пурсид:

- Ҳусни хати форсии ту чӣ тур аст?

Рӯирост иқрор шудам:

- Навиштанам бад нест, вале хондааш наметавонам.”

*** *** ***

“Ҳамроҳи устод Тоҳири Абдуҷаббор бозор рафтем ва ҳар навъ либосе, ки харид, ман ҳам харидам.

Пурсид:

- Чаро ту ҳам айнан мисли ман либос харидӣ?

Гуфтам:

- Аз паси Шодмон Юсуф рафта ба ҷое нарасидем, ку як ба шумо пайравӣ кунем, ҳоламон чӣ мешавад?”

*** *** ***

“Мирзо Шукурзода нависанда ва муҳаққиқи хушзавқи тоҷик китоби ашъори форсии Муҳаммад Иқболро баҳ-баҳу ваҳ-ваҳкунон варақ зада гуфт:

- Агар дар майдонҳои Шаҳидону Озодӣ ба ҷои гапҳои беҳуда аз Иқбол шеър мехонданд, шояд мардум тарбия меёфт.

Бародараш Обидҷон нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт:

- “Аз хоби гарон хез”-ашро хондем, нисфи ҷумҳурӣ хеста қир шуд, агар як шеъри дигарашро мехондем, аз Тоҷикистон нишон намемонд...”

*** *** ***

“Дар мағоза:

- Аз ҳаму соса-сола якта тиед.

- Мо соса-сола надорем.

- Чӣ хел надоред, ана, истодааст дар паҳлӯи ғанта.”

*** *** ***

- Ҳофиз-ако, як ҳамун ҷононая гиред.

- Кадом ҷононая?

- Ҳо як суруд ҳаст-ку: ҷонона катӣ маишат карем.

- Ҷонона катӣ маишат... Ин кадом суруд бошад?

- О, чанд рӯз пеш дар тӯйи Аминҷон хондед, охир. Ба ман ҷо-о маъқул шуд. Ёдатон бошад, чанд, бор “ҷон-а!” гуфтам.

- Ягон мисрааш ба ёдатон нест?

- Маънияш ёдамба буду... Як ӯй кунам-чӣ... Ҳа, охир... Таги душанда, ҷонона катӣ, якка ба якка, нафас кашида маишат карем...

- Ҳа-а, ба ёдам омад:

- Дӯ-ӯш бу-удам ҳамнафас танҳо ба як ҷононае...”

Шодравон Имомназари Холназар, ки инсони поку нексиришт, шӯхтабиат, латифгуфтор буд, дар авҷи камолоти эҷодӣ бо зиндагӣ падруд гуфт. Агар умр бевафоӣ намекард, ӯ 6 августи соли равон 65-сола мешуд.

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

XS
SM
MD
LG