Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ихроҷи беш аз 300 муҳоҷири тоҷик дар Русия содир шуд. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гуфтанд, ки қарори ихроҷи беш аз 300 муҳоҷири тоҷик дар Русия содир шудааст ва бояд пай дар пай ба ватан фиристода шаванд. Моҳи гузашта дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон, Душанбе ба Маскав пешниҳод кард, ҳукми ихроҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурии сабук доранд, бозбинӣ шуда ва ин тоифаи шаҳрвандон мавриди афв қарор гиранд. Дар ҳоли ҳозир 270 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд.

Русия беш аз 300 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00
Линки мустақим

Муҳоҷироне, ки дар боздошт қарор доранд, худашон мустақим наметавонанд, шикоят кунанд. Дар сурати вакил гирифтан бояд ба он ваколатнома диҳанд. Дар ваколатнома муҳри боздоштгоҳ бояд бошад. Мутаассифона, аксари боздоштгоҳҳо муҳр надоранд. Мушкили асосӣ ҳамин аст.

Чаро ба додгоҳ кам муроҷиат мекунанд?

Ҳарчанд аксари ин муҳоҷирон ихроҷи худро ноодилона унвон мекунанд, вале шумораи ками онҳо дар робита ба ин масъала ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Ҳоло онҳо дар боздоштгоҳҳои махсуси минтақаҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд ва мунтазири интиқолашон ба Тоҷикистон ҳастанд. Аҳмадшоҳ Давлатов – ҷавони 22-сола – аз камтарин муҳоҷири тоҷик аст, ки қарори ихроҷашро аз Русия ноодилона дониста ва барои бозбинии он ба додгоҳ шикоят бурдааст. Вай дар боздоштгоҳе дар канори Маскав ҳамроҳ бо 40 тан аз муҳоҷирони тоҷик ба сар мебарад. Аҳмадшоҳро бо баҳонаи шабона ҳузур надоштанаш дар маҳалли расмии ҷойи зист бояд ихроҷ кунанд.

Муҳоҷирони ихроҷшуда дар ватан роҳҳои бозгашт ба Русияро меҷӯянд
Муҳоҷирони ихроҷшуда дар ватан роҳҳои бозгашт ба Русияро меҷӯянд

Ӯ як моҳ боз дар боздоштгоҳ қарор дорад ва умед дорад, ки додгоҳ ҳукми ихроҷашро тағйир хоҳад дод. Аҳмадшоҳ Давлатов гуфт, “бояд парвандаи моро бибинанд. Агар гӯянд, ки монед, мемонем ва кор мекунем. Агар намонанд, баргашта ба ватан меравем. Аз рӯи қонун бигирӣ, бояд мо дар Русия бимонем. Чун барои дар ҷойи қайди зистат як шаб набудан набояд хориҷ шавӣ.”

Русия: Қарори “депорт” аз мо, пули билет аз Шумо

Ҳафтае ду бор аз Русия ба Тоҷикистон тариқи ҳавопаймо муҳоҷирони ихроҷшуда фиристода мешаванд. Харҷи роҳ ва пули билети ҳавопаймо аз ҷониби худи муҳоҷирон пардохта мешавад.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

Намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар Русия низ мегӯянд, воқеан, шумораи ками муҳоҷирон талош мекунанд, ки аз тариқи қонунӣ монеи ихроҷ ё “депорт”-ашон шаванд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 21 март ба Радиои Озодӣ гуфт, бо муҳоҷирони дар ҳоли ихроҷ ҳамеша дар тамос ҳастанд ва талош мекунанд, то ҳуқуқи онҳо нақз нашавад. Аммо, ба гуфтаи Аҳмадов, аксари муҳоҷирон хоҳиши бо роҳи қонунӣ ҳал шудани мушкилашонро надоранд.

“Мехоҳем, андешаи шаҳрвандонро дигар кунем”

Ӯ гуфт, “баъзан шаҳрвандони мо номи аслии худашонро ҳангоми пурсиши мақомот намегӯянд. Номашонро пинҳон мекунанд. Ба хотири ихроҷ нашудан баъзеҳо ҳуҷҷатҳояшонро нишон намедиҳанд. Фикр мекунанд, ки агар ҳуҷҷаташонро нишон надоданд, дар он ихроҷашон сабт намешавад ва онҳо боз дубора баргашта метавонанд. Лекин мақомот шахсияти онҳоро маълум мекунад ва онҳоро ихроҷ менамоянд. Мо кӯшиш мекунем, то ин андешаи шаҳрвандони худро дигар кунем”.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, раванди боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон тавре роҳандозӣ шудааст, ки муҳоҷирон дигар имкони ба додгоҳ муроҷиат карданро пайдо намекунанд. Каримҷон Ёров, як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, гуфт, аз сад танҳо як ё ду аз муҳоҷири дар ҳоли ихроҷ аз болои ҳукмашон шикоят мекунанд ва онҳо нафароне ҳастанд, ки дар боздоштгоҳҳои вижа қарор надоранд.

Мушкил: Боздоштгоҳҳо муҳр надоранд

“Муҳоҷироне, ки дар боздошт қарор доранд, худашон мустақим наметавонанд, шикоят кунанд. Дар сурати вакил гирифтан бояд ба он ваколатнома диҳанд. Дар ваколатнома муҳри боздоштгоҳ бояд бошад. Мутаассифона, аксари боздоштгоҳҳо муҳр надоранд. Мушкили асосӣ ҳамин аст. Ҳолатҳое мешавад, ки мо аз болои ҳукм шикоят мекунем, вале пулис онҳоро аллакай ба боздоштгоҳи махсус ихроҷ мекунад. Дар таҷриба ҳастанд ҳолатҳое, ки ҳукми ихроҷ бекор мешаванд, вале дар қиёс ба ихроҷ кам аст. Ҳоло замони охир бештар бо сабаби доштани муҳри қалбакӣ дар ҳуҷҷатҳояшон ихроҷ мешаванд, ки аз худи мақомоти Русия онро муҳоҷирон дастрас кардаанд.”

Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки аллакай аз Русия ихроҷ шудаанд, шикоят ба додгоҳро як кори беҳуда медонанд. Акмал Насриддинов, як муҳоҷири 32-солаи тоҷик, ки се моҳи пеш аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст, гуфт, шикоят ба додгоҳ танҳо сарфи беҳудаи пул ва вақт аст. Ҳоло ӯ, дар ватан дар пайи ҷустуҷӯи кор аст.

Ҳеҷ фоида нест?

Ӯ гуфт, “ҳеҷ фоида нест. Хоҳед, нахоҳед, ки ихроҷ мекунанд. Барои шикоят кардан ба додгоҳ бояд вакил бигирӣ, ки 30-40 ҳазор рубл лозим аст. Агар ҳақ бароӣ, боз барои ҳуҷҷат кардан қариб сад ҳазори дигар лозим мешавад. Инро муҳоҷирон як риск медонанд ва чун қарори ихроҷашон содир шуд, бармегарданд. То қарор баромадан ягон одам ёфта ҳал кунӣ, мумкин, лекин чун қарор баромад, дигар дер мешавад.”

Душанбе аз Маскав афви муҳоҷиронро хост

Душанбе аз Маскав афви муҳоҷиронро хост​

Душанбе ба Маскав пешниҳод кард, ки ҳукми ихроҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон аз ва ба қаламрави Русия, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурии сабук доранд, бозбинӣ шуда ва ин тоифаи шаҳрвандон мавриди афв қарор бигиранд.

Лутфулло Расулов, як ҳуқуқшиноси тоҷик, ки бо барномаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон кор мекунад, гуфт, аксари муҳоҷирон замоне аз Русия ихроҷ мешаванд, ки аз вурудашон ба хоки ин кишвар як ё ду моҳ сипарӣ шудааст. Вай сабаби ихроҷ шудани муҳоҷиронро дар чунин омилҳо мебинад: “Пештар давоми се моҳ ҳуҷҷати барои фаъолияти меҳнатӣ карданро дуруст мекард. Соли 2015 қонунҳои Русия тағйир ёфтанд ва давоми 30 рӯзи тақвимӣ бояд муҳоҷир ҳам аз қайди Хадамоти муҳоҷират ва ҳам аз қайди духтур гузарад ва имтиҳонро супорад. Бештари муҳоҷирон ба он хотир ихроҷ мешаванд, ки дар моҳҳои аввали корашон патенти фаъолият надоранд. Чун аз Тоҷикистон мераванд ва пул барои дуруст кардани ҳуҷҷат надоранд.”

Дар як сол 45 ҳазор муҳоҷири тоҷик ихроҷ шуданд

Тибқи иттилои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2016 наздик ба 45 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 7 ҳазор нафар бештар будааст. Ҳоло бар асоси омори созмонҳои кор бо муҳоҷирон бештар аз 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳои махсус қарор доранд ва қарори ихроҷашон ниҳоӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG