Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавми келаша – аз табори Искандари Мақдунӣ дар Покистон


Қавми келаша – аз табори Искандари Мақдунӣ дар Покистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:51 0:00

Ҳудуди чаҳор ҳазор нафар аз ақаллияти Келаша, ки худро аз табори Искандари Мақдунӣ мешуморанд, ҳақ пайдо карданд, ҳамчун қавму мазҳаби алоҳида сабт шаванд. Додгоҳи Покистон рӯзи 4 апрел амр дод, ки зимни маъракаи саршумори аҳолӣ, қавми келашаро ба ҳайси ақаллияти милливу мазҳабӣ сабт кунанд. Ин мардум, ки дар як минтақаи дурдасти Покистон зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, табори сарбозони Искандари Мақдунӣ ҳастанд, ки баъди ҳаракати нерӯҳои Искандар ба Ҳинд инҷо мондаанд. Дар бораи ин қавму муроҷиати онҳо ба додгоҳ сӯҳбате дорем бо Башир Аҳмад, хабарнигори Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG