Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади писари Сурайёи Қосим дар Кӯлоб ба хок супурда шуд. ВИДЕО, АКС


Шабнами Сурайё дар азои додараш Эмомалиҷони Хуршед
Шабнами Сурайё дар азои додараш Эмомалиҷони Хуршед

Ҷасади Эмомалиҷони Хуршед – писари 16-солаи овозхони маъруф Сурайёи Қосим ва додари Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед, ки ба иллати саратони хун даргузашт, дар қабристони рақами 2-и шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд. Маросими намози ҷанозаи Эмомалиҷони Хуршед рӯзи 18 апрел дар масҷиди "Ҳилоли Аҳмар", маъруф ба номи "масҷиди Ҳоҷӣ Мирзо" баргузор гардид.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷасади писари Сурайёи Қосим дар Кӯлоб ба хок супурда шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Наздиконаш гуфтанд, ки Эмомалиҷон чаҳор моҳ боз аз бемории саратони хун ранҷ мекашид ва шаби 17 ба 18 апрел дардаш якбора хуруҷ кард. Модару хоҳарони Эмомалиҷон натавонистанд, дар ин бора бо мо суҳбат кунанд.

Аксҳои бештарро дар инҷо бубинед:

Садбарг Қосимова, хоҳари Сурайёи Қосим, ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш дар Душанбе дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология даргузашт ва ҷасади ӯро шаби гузашта ба Кӯлоб оварданд. Вай афзуд, “якбора дардаш хуруҷ кард ва баъди чанд соат аз дунё даргузашт. Шабона ҷасадро ба Кӯлоб овардем. Ҷиянам бемори саратон буд, ҳарчанд табобат кардем, вале тақдир ҳамин будааст. Қарор буд, ӯро барои табобат ба хориҷ барем ва билеташро ҳам харида будем.”

Субҳи 18 апрел даҳҳо нафар барои ибрози ҳамдардӣ дар манзили Сурайёи Қосим дар шаҳри Кӯлоб ҷамъ омаданд. Дар миёни онҳо намояндагони мақомот, овозхонҳо ва хабарнигорон ҳам буданд. Даҳҳо нафари дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хонаводаи Сурайёи Қосим даргузашти писарашро таслият гуфтаанд.

Сурайёи Қосим аз овозхонҳои маъруфи тоҷик аст, ки соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Худи ӯ мегӯяд, ки бо тақлид ба ҳунарнамоии хоҳари бузургаш Садбарг аввалин бор дар 13-солагӣ по ба саҳнаи ҳунар гузошт ва дигар баъди ин тамоми умрашро ба овозхонӣ бахшид. Дар баробари иҷрои оҳангҳои мардумӣ, аз ҷумла дар жанри фалак, бо шоиру оҳангсозони касбӣ ҳам ҳамкорӣ кардааст. Аз овозхонҳои раддаи аввали саҳнаи ҳунари тоҷик буда, таронаҳояш дар ҳама манотиқи Тоҷикистон хуш истиқбол мешаванд.

Баъд аз таваллуди се духтар дар соли 2001 нахустин писараш ба дунё омад ва ба хотири барқарории сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифони Тоҷикистон исмашро Эмомалӣ гузошт. Дар як сӯҳбаташ ба “Азия-Плюс” ӯ дар соли 2006 гуфта буд, ки баъди ин президент ба писараш як аробача тӯҳфа кард.

Ду духтари калонии ӯ – Рӯзимоҳ ва Шабнами Сурайё аз шавҳари аввалаш ва дуи дигар – Фарзона ва Эмомалиҷони Хуршед аз издивоҷи дувуми ин овозхон бо Хуршед Рабиев ба дунё омадаанд. Зимнан, Хуршед Рабиев – писари раиси собиқи Кумитаи дин Ҳабибулло Рабиев моҳи сентябри соли 2013 даргузашт.

XS
SM
MD
LG