Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содиқ Ортиқов дар куҷо таваллуд шудааст?


Шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов
Шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов

Содиқ Ортиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар ҳамла ба метрои Петербург ва терроризм боздошт шуд, дар ҳеҷ як аз ниҳодҳои расмии зодгоҳаш шаҳри Қурғонтеппа сабт нашудааст. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 25 апрел бо такя ба манбаи Додситонии кулли Тоҷикистон маълумот дод.

Дар ҷараёни тафтиш маълумоте, ки ҳуввияти Ортиқовро собит кунад, ба мисли санаи таваллуд ва ҷойи таҳсилу кор пайдо нашуд, гуфт ҳамсӯҳбати "Интерфакс".

Содиқ Ортиқов рӯзи 6 апрел дар Маскав боздошт шуд ва ҳоло бо иттиҳоми терроризм ва хариду нигаҳдории силоҳи ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳ аст.

Вакили Ортиқов рӯзи 24 апрел дар додгоҳи Маскав гуфт, ки муфаттишон дар бораи исботи даст доштани зерҳимояи ӯ дар ҳамла ба метрои Петербург далел надоранд. Ба гуфти вакил силоҳе, ки дар манзили Ортиқов пайдо шуд ба зерҳимояи ӯ рабт надоред, зеро дар ин хона чанд нафари дигар ҳам зиндагӣ мекунанд.

Рӯзи 3 апрел дар натиҷаи таркиш дар метрои Петербург 14 нафар кушта ва дастикам 50 нафар захмӣ шуд. Ду тан аз маҷрӯҳон дар ҳафтаҳои баъдӣ вафот кардан ва бо ин теъдоди умумии кушташудаҳо ба 16 нафар расид.

XS
SM
MD
LG