Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Фононбонк"-и Бадахшон беш аз 8 сол зиндонӣ шуд


Балхиёр Замиров, раиси намояндагии "Фононбонк" дар вилояти Бадахшон, ба 8 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Амонулло Муқаиршоев, раиси Додгоҳи шаҳри Хоруғ, рӯзи 25 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Балхиёр Замиров барои "азхудкунӣ ё сарфи маблағҳо дар ҳаҷми калон" айбдор гардидааст.

"Вай ба "Фононбонк", дар маҷмуъ, ба маблағи 631 ҳазору 343 сомонӣ зарар расондааст", - афзуд ӯ.

Қаблан як намояндаи додситонии вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "раиси намояндагии "Фононбонк" ба номи 20 нафар аз 20 то 50 ҳазор доллар қарзи бонкӣ (кредит) сабт кардааст. Аммо худи ин муштариён ё одамон гуфтаанд, ки ин қарзи бонкиро нагирифтаанд."

Ҳукми Балхиёр Замиров дар ҳоле содир шудааст, ки моҳи феврали имсол "Фононбонк", яке аз бонкҳои дучори мушкил дар Тоҷикистон, бо қарори Бонки Миллӣ баста шуд. Дороиҳои “Фононбонк” дар маҷмӯъ 100 миллион сомонӣ тахмин зада мешуд.

XS
SM
MD
LG