Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси вазъи Бадахшон дар суҳбати Э.Раҳмон ва Ашрафғанӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашрафғанӣ вазъи “ноором” дар Афғонистон, бахусус шимоли ин кишвар ва ҳаммарз бо Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки суҳбати телефонӣ баъд аз зуҳри 5 май сурат гирифт.

Зебок дар ҳоле ба дасти Толибони мусаллаҳ суқут кард, ки беш аз як сол мешавад, ки ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони вилояти Бадахшон низ таҳти ҳокимияти Толибон қарор доранд.

Дар як ҳафтаи охир ҷангҷӯёни Толибон чанд улусволӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла ноҳияи Зебокро таҳти назорати худ дароварданд. Тайи як ҳафтаи гузашта 7 захмии нирӯҳои давлатии Афғонистон низ барои муолиҷа ба бемористони марказии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон оварда шуданд. Аз миёни онҳо як нафар даргузашт.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим

Дар ҳоли ҳозир даргириҳо миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон барои бозпасгирии маркази ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ба шиддат идома дорад. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар суҳбати телефонӣ Муҳаммад Ашрафғанӣ “сипоси амиқи худро барои табобати афсарону сарбозони Афғонистон дар шифохонаҳои Тоҷикистон” изҳор доштааст.

Манбаъ афзуд, ду тараф “дар мавзӯи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомиву техникӣ, аз ҷумла дар бахши мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти марзҳо ибрози назар намуданд. Раҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт муштарак иқдоми муассирро роҳандозӣ хоҳанд кард.”

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммад Ашрафғанӣ истиқрори субот дар Афғонистонро “омили амнияти тамоми минтақа” дониста ва гуфтааст, Душанбе барои барқарории амният тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод.

Рӯзи 28 апрели имсол мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки маркази Зебок, як минтақаи вилояти Бадахшон ба дасти гурӯҳи Толибон афтод. Сокинони Зебок мегӯянд, субҳи ҷумъаи гузашта гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ин ноҳия ҳуҷум карданд ва дар натиҷа баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, он ба дасти ҷангиёни ин гурӯҳ гузашт. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, суқути ин минтақа бинобар адами ҳамоҳангии нерӯҳои давлатӣ иттифоқ афтодааст.

Ин пул Ишкошими Тоҷикистонро бо ноҳияи ҳамном дар он сӯи марз мепайвандад
Ин пул Ишкошими Тоҷикистонро бо ноҳияи ҳамном дар он сӯи марз мепайвандад

Бо шурӯи ҷангҳо дар наздиктарин нуқоти марзии Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти тоҷик ҳам гуфтанд, ки барои таъмини амнияти марз тамоми чораҳо андешида шудааст. Хабарҳои дарёфтӣ ҳокист, ки гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон рӯзи 1 май то 5 километр ба марзи Тоҷикистон наздик шуданд ва баъзе аз минтақаҳои марзиро зери тасаруф дароварданд.

Рӯзи 2 май Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, барои назорати марз ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуд. Раиси ноҳияи Ишкошим гуфт, ҳоло ин гурӯҳҳо 13 то 15 километр аз марзи Тоҷикистон дуртар шудаанд.

Масъулони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 5 май гуфтанд, ки дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон вазъ ором аст ва зери назорат қарор дорад. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ гуфт, то ба ҳол ягон таҳдид ва ё кӯшиши убури ғайриқонунии марз ба қайд гирифта нашудааст ва, ҳамчунин, гулӯла ё тирҳои он тараф ба хоки Тоҷикистон наафтодаанд. "Дар доираи санадҳои имзошуда нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пулиси марзии Афғонистон ҳамкорӣ доранд", - таъкид кард ӯ.

Зикрихудо Самадов
Зикрихудо Самадов

Вулусволии Зебок дар 100-километрии шаҳри Файзобод – маркази вилояти Бадахшон қарор дошта ва аз тариқи роҳи Шоҳ Салим бо Читроли Покистон марз дошта, бо вулусволиҳои Вардуҷ ва Ишкошими ин вилоят низ сарҳад дорад. Зебок дар ҳоле ба дасти Толибони мусаллаҳ суқут кард, ки беш аз як сол мешавад, ки ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони вилояти Бадахшон низ таҳти ҳокимияти Толибон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG