Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аззолини: "Агар маҷрӯҳони бештар ба Тоҷикистон интиқол ёбанд"


Шимоли Афғонистон аз ҷумла шаҳри ороми Мазори Шариф ҳам дар чанд вақти гузашта шоҳиди ҳамлаҳои Толибон шудаанд.
Шимоли Афғонистон аз ҷумла шаҳри ороми Мазори Шариф ҳам дар чанд вақти гузашта шоҳиди ҳамлаҳои Толибон шудаанд.

Муассисаҳои байналмилалии имдодӣ ба кӯмаки як шифохонаи Тоҷикистон шитофтаанд, ки захмиёни ҷангҳо дар Афғонистонро табобат мекунад.

Яке аз онҳо, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх аст, ки бо нашри баёнияе дар охири ҳамин ҳафта эълон кард, ба шифохонаи ноҳияи Ишкошим дар Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, доруворӣ, васоили дӯхтани ҷароҳат додааст, ки барои муолиҷаи беморони афғон лозиманд.

Дар ин шифохона, осебдидагони ҷанг дар ноҳияи Зебок дар Бадахшони Афғонистон муолиҷа мегиранд, ки чанде пеш шоҳиди ҷангҳои шадиде байни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон шуд.

Клаудия Аззолини, раиси дафтари Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Душанбе гуфтааст, ки кӯмаки ирсолшуда ба шифохонаи Ишкошим ҳоло фақат барои табобати маҷрӯҳоне кофист, ки муолиҷа мегиранд. “Вале агар ҷангҳо дар Бадахшон идома кунанд ва маҷрӯҳони бештар ба Тоҷикистон интиқол ёбанд, мо ба кӯмакҳои бештар эҳтиёҷ хоҳем дошт” -гуфтааст, Клаудия Аззолини.

Табибони шифохонаи Ишкошим аз ин пештар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар инҷо 10 сарбози маҷрӯҳи афғонро муолиҷа мекунанд. Аз миёни онҳо як нафар даргузаштааст ва яке дигарро мебоист барои ҷарроҳӣ ба бемористони шаҳри Хоруғ баранд, ки имконоти васеътар дорад.

Инҷо марзи Ишкошим бо Афғонистон аст
Инҷо марзи Ишкошим бо Афғонистон аст

Як ҳафта пеш мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки маркази Зебок, ноҳияи ҳаммарз бо Ишкошим ба дасти гурӯҳи Толибон афтод. Ба гуфтаи сокинони Зебок, 28 -уми апрел гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ноҳия ҳуҷум карданд ва баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, инҷоро гирифтанд. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, суқути ин минтақа бинобар адами ҳамоҳангии нерӯҳои давлатӣ иттифоқ афтодааст. Бо шурӯи ҷангҳо дар наздиктарин нуқоти марзии Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти тоҷик ҳам гуфтанд, ки барои таъмини амнияти марз тамоми чораҳо андешида шудааст.

Рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашрафғанӣ “вазъи ноором” дар Афғонистон, бахусус шимоли ин кишварро баррасӣ кардааст.

Дафтари матбуоти президент гуфт, ҷониби Афғонистон ба Душанбе барои ироаи кумак ва муолиҷаи баъзе сарбозони афғон сипосгузорӣ кардааст. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад, ки баъзе аз гӯшаҳои он дуруст посбонӣ намешаванд. Солона дар ин марз даҳҳо кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

Тайи солҳои ахир мақомоти тоҷик аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон нигаронӣ доранд ва аз он бим доранд, ки ноамнӣ дар кишвари ҳамсоя метавонад ба Тоҷикистон ҳам сироят кунад.

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 5-уми май гуфтааст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва мақомоти расмӣ, эҳтиёҷоти шифохонаи Ишкошимро арзёбӣ ва дар сурати зарурат онро бо васоили лозимӣ таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG