Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов: "Ҷанг бо фасодро шадидтар мекунем" ВИДЕО, САДО


Сироҷиддин Аслов, зимни сӯҳбат дар қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ гуфт, Тоҷикистон мубориза бо фасодро суръат бахшидааст ва ваъда дод, ки ҳукумат барои решакан кардани ин зуҳурот дар ояндаи наздик “чораҳои сахттаре меандешад.”

Сироҷиддин Аслов, ки дар шаҳри Брюссел дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, бо ишора ба Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфт: “Мо оҷонсии вижае дорем, ки ба зидди коррупсия мубориза мебарад. Аз замони таъсиси ин оҷонсӣ албатта мо дар ин самт яъне мубориза бо фасод фаъолона кор кардаем. “

Ман метавонам бигӯям, ки мо дар ин самт пешрафт кардаем ва дар ояндаи наздик чораҳои саххтаре барои мубориза бо коррупсия меандешем.

Вазири умури хориҷӣ гуфт, махфӣ нест, ки фасод дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад, вале “ҳоло мо корҳоро суръат бахшидаем ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои сахттаре меандешем ва амалӣ мекунем, то вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар беҳтар шавад. Ман метавонам бигӯям, ки мо дар ин самт пешрафт кардаем ва дар ояндаи наздик чораҳои саххтаре барои мубориза бо коррупсия меандешем.”

Сӯҳбати Сироҷиддин Аслов дар робита ба мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон баъд аз он сурат мегирад, ки гурӯҳе аз кормандони Оҷонси мубориза бо фасод дар кишвар бо иттиҳоми тақаллуб боздошт шудаанд, ҳарчанд мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Сироҷиддин Аслов ва Георг Велла
Сироҷиддин Аслов ва Георг Велла

Сироҷиддин Аслов дар ин бора баъд аз нишасти шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо сӯҳбат кард, ки рӯзи 15-уми май дар шаҳри Брюссел баргузор шуд. Дар ин нишаст ҳамкориҳои ду тараф ва вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳам баррасӣ шуд.

Георг Велла, раҳбари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳамзамон бо эълони ҳимояти иттиҳодия аз талошҳои Тоҷикистон барои ислоҳот, онҳо “ба зарурати эҳтироми доимӣ ба ҳуқуқи инсон, озодиҳои бунёдӣ, мавҷудияти фазои бози сиёсӣ”, ки барои суботи дарозмуддати Тоҷикистон ва минтақа муҳим аст, таъкид кардаанд.

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар гузашта ҳукумати Тоҷикистонро барои бастани Ҳизби наҳзати исломӣ ва таъқиби дигарандешон ва бахусус чанд вакили дифо танқид кардаанд.

Ҳизби наҳзатро ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 баъд аз ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияташро мамнӯъ кард. Вакилони порлумони Иттиҳодияи Аврупо дар гузашта аз раҳбарони иттиҳодия хостаанд, ки масоили ҳуқуқи башарро бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ кунанд ва фишор биёранд, то вазъ дар кишвар ислоҳ шавад.

Георг Велла афзуд, ки тундгароӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷумла дар арсаи энергетика яке аз мавзӯҳои дигар дар нишасти шашуми шӯро будааст.

Ӯ дар бораи мавқеи Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳам сӯҳбат кард ва ба суоле дар бораи нигаронии кишварҳои поёноб аз бунёди нерӯгоҳи Роғун гуфт: “Ин масъалаи истифодаи босамари об аст. Обе ки вуҷуд дорад, бояд барои ҳама ва босамар истифода шавад. Мо дар бораи кишварҳои поёноб сӯҳбат кардем. Дар сурати иҷрои ин тарҳҳо дар ҳар гӯшаи дунё, кишварҳои поёноб бешак нигарон мешаванд, ки мумкин аст об кам шавад. “

Георг Велла афзуд, ки ҳамкории зичи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа метавонад, ба манфиати тамоми минтақа бошад.”

Бунёди сарбанди Роғун идома дорад.
Бунёди сарбанди Роғун идома дорад.

“Дар сурати ҳамкории комил ва мувофиқа бо кишварҳое, ки нигаронанд, мо метавонем шоҳиди он шавем, ки дар сурати тавлиди нерӯи барқ на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки кишварҳои атроф ва минтақа мешавад. Ин барои тамоми кишварҳо манфиати молӣ меорад. Худ ба худ ин як тарҳи хуб аст, вале бояд масоили он ҳаматарафа ҳал шавад, яъне сари миз нишаста онро дӯстона ҳал кунанд, на ин ки қароре қабул шаваду ба дигарон бор кунанд “ -гуфт, раҳбари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо.

Қаблан кишварҳои поёноб мегуфтанд, ки мумкин аст, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун, маҷрои об ба Туркманистону Узбакистону Қазоқистон кам шавад, вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, итминон медиҳанд, ки чунин чиз иттифоқ наафтод. Шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон бори шашум аст, сурат мегирад. Иттиҳодияи Аврупо яке аз шарикони наздик ва кӯмакрасонҳои Тоҷикистон аст ва гуфтааст, қарор аст, барои дастгирии ислоҳот ва рушди иқтисодӣ дар чанд соли оянда ба Тоҷикистон бештар аз 200 миллион евро кӯмак кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG