Пайвандҳои дастрасӣ

Бемор дар бистари марг. Воқеиятро ба ӯ кӣ бигӯяд? ВИДЕО, САДО


Акс аз бойгонӣ

Аз умри сокини 42-солаи вилояти Хатлон А.В. танҳо чанд ҳафта боқӣ мондааст. Вай гирифтори бемории саратони рӯда аст. Пизишкон дар Ҳиндустону Тоҷикистон ҳукми марги ногузири ӯро чанд рӯз пеш ба хонаводааш эълон карданд. Пизишкони ватанӣ бори масъулияти ба бемор гуфтани ин воқеиятро бар дӯши хонавода гузоштанд. Хонавода ҷуръат надорад, ки умед ба зиндагиро аз ин марди ҷавон бигирад.

Пизишк ҳақ надорад, беморро ноумед кунад ва ба раванди табобати ӯ халал расонад. Табиб бояд то охирин лаҳза вазифаашро содиқона иҷро намояд ва ангезаи зистанро дар бемор афзоиш диҳад.

“Шояд мӯъҷизае шавад ва бародарам аз марг наҷот ёбад”?

"Хонавода ду сол аст бемордорӣ мекунад, на духтури хориҷӣ монд, на дохилӣ, ҳамаро санҷидем. Вақте духтурҳо гуфтанд, ки дигар илоҷи зинда монданаш нест, ӯро ба хона бубаред, баҳона кофтем ва ба худаш гуфтем, ки табобатро бояд дар хона давом диҳем. Розӣ шуд. Ба худам фикр мекунам, ки шояд Худо раҳми 4 кӯдакашро хӯрда, сиҳатӣ бахшад. Одамон ҳам барои таскини мо мисол меоранд, ки фалониро духтурон гуфтанд, сиҳат намешавад, вале сиҳат шуд. Мо фақат дуо мекунем, ки муъҷизае шаваду бародарам аз бистари марг берун шавад", - гуфт Тоҳир Валиев, бародари ин марди бемор.

Навори видео дар инҷост:

“Чӣ тавр гӯем, ки мемирӣ?”

Тоҳир Валиев мегӯяд, онҳо ҳар лаҳза худро дар ростои гирифтани як қарори мушкил дармеёбанд, ки чӣ тавр ба ин марди ҷавон бигӯянд, умраш дароз нест ва ба фарзандонаш васият кунад. Мушкил дар ин аст, ки А.В. ду манзили зист, дар бонк депозит ва ҳамзамон болои чанде аз дӯстонаш қарз дорад.

Валиев мегӯяд, "худаш тамоман бовар надорад, ки дар пушташ чунин гап ҳаст. Ҳар вақте ишора кунем, ки болои кӣ чанд пул қарз дорӣ ва кадом хонаро ба кадом фарзандат медиҳӣ, мегӯяд, сабр кунед, аз бистарӣ беморӣ боло шудам, худам ҳама корро ҳал мекунам. Метарсам, ки агар худаш ин корҳоро накунад, пас аз сараш зану фарзандаш азоб мекашанд."

Чолиши ҷиддие, ки Валиев дар ростои он қарор дорад, танҳо хоси хонаводаи ӯ нест. Бисёр хонаводаҳо бо шумули рӯҳониён дар чунин мавридҳо беморро таскин медиҳанд, ки ҷонро Худо медиҳад ва ҷонситон низ Худост. Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 18-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз нигоҳи ислом пешгӯии марги як нафар дуруст нест, аммо аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ бояд инсон ҳамеша ба марг омода бошад.

"Аз нигоҳи дин, инсон дар рӯи замин муввақат аст ва бояд ба марг омода бошад, вале ислом расонидани чунин хабар ва озурдани хотири як инсонро манъ мекунад. Бисёр мавридҳое ҳаст, ки як инсон дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дорад, вале инсонҳои сиҳат мефавтанд", - афзуд ӯ. ​

Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҷамолиддин Хомӯшӣ

“Бемории шумо табобат надорад” - қатъиян манъ аст

Табибон аз рӯи қонун ҳақ надоранд, хабари бемории лоилоҷро ба мариз расонанд. Ахиран порлумони Тоҷикистон Кодекси тандурустиро қабул кард, ки бар асоси он табибон ҳақ надоранд, беморро аз марги ногузир бохабар кунанд. Саломиддин Юсуфӣ, масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Кодекси тандурустӣ ба ин нукта ишора шудааст ва агар табибони тоҷик ба бемор бигӯянд, ки маризии ӯ табобат надорад, муҷозот хоҳад шуд.

Дар ҳоле ки наздикони қаҳрамони қиссаи мо А.В. ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки то чанд рӯзи дигар аз дунё хоҳад гузашт, аммо тик-тики соати зиндагии ӯро хуб мешунаванд.

"Пизишк ҳақ надорад, беморро ноумед кунад ва ба раванди табобати ӯ халал расонад. Табиб бояд то охирин лаҳза вазифаашро содиқона иҷро намояд ва ангезаи зистанро дар бемор афзоиш диҳад. Хонавода бояд аз воқеияти ҳол бохабар бошад, аммо на бемор", - гуфт Саломиддин Юсуфӣ.

Дар аксар кишварҳои дунё табибон воқеияти вазъи беморро аз ӯ пинҳон намекунанд ва ба бемор имкон медиҳанд, ки охирин рӯзҳои зиндагиашро бо хости дили худаш гузаронад, ба наздиконаш васият кунад, ногуфтаҳояшро бигӯяд ва қарзҳояшро соф кунад.

Ҳусейн Раҳмонов, пизишки собиқадори тоҷик, мегӯяд, “мо дар таҷрибаи кориамон ба бемор нагуфтаем, вале ба пайвандони наздикаш ҳатман вазъро шарҳ медиҳем. Гуфтани воқеият ба салоҳияти худи онҳост. Хоҳанд, мегӯянд, нахоҳанд намегӯянд. Мо танҳо аз рӯи ташхисҳо хулосаи худро мегӯем ва барои шифо ёфтани бемор тамоми талошро мекунем. Дар таҷриба мушоҳида кардаем, ки баъзан калонҳои хонавода ё домуллои маҳалла ба бемор воқеиятро мегӯянд. Аммо чунин мавридҳо хеле каманд.”

Ба гуфтаи ин табиби тоҷик, шояд дар кишварҳои ғарбӣ ба бемор гуфтани воқеияти ҳолати ӯ ба ин хотир бошад, ки тақсимоти мерос, молу мулк ба имзо ё розигии бемор вобаста аст. Аммо дар фарҳанги мардуми тоҷик ин ҳолатҳо то андозае фарқ мекунанд.

Дар ҳоле ки наздикони қаҳрамони қиссаи мо А.В. ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки то чанд рӯзи дигар аз дунё хоҳад гузашт, аммо тик-тики соати зиндагии ӯро хуб мешунаванд. Бо торафт кам шудани мадори бемор, тасаллиҳои “зиқ нашав, ҳамааш хуб мешавад” низ торафт акнун камтар мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG