Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон 21 май доир мешавад


Дар Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон, ки якшанбеи 21 май барпо мегардад, афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр медаванд.

Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад. Дави миллӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 9-и субҳ - оғоз меёбад.

Ба иттилои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дави миллӣ дар пойтахти кишвар аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом мерасад.

Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли дави миллӣ тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукот супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG