Пайвандҳои дастрасӣ

Мамлакат: "Аз ҷанги Афғонистону бонкҳои Тоҷикистон дилхунам"


Мамлакат мегӯяд, шукр мекунад, ки аз кораш дар Афғонистон зиндагиашро беҳтар кард, аммо рафтори бонкҳои Тоҷикистон нороҳат аст.

“Ман чӣ хел наметарсам, метарсам. Рӯзе шудааст, ки ба шифохона якбора 15 то 20 сарбози ӯрдуи миллиашонро оварданд. Мо ҳамаи мурдаҳоро кафан кардем, ба тобут андохтем ва ба хонаҳояшон фиристодем.“

Мамлакат Шамсова, табиби тоҷик, як рӯзи кориашро ба Радиои Озодӣ аз ҷое нақл мекунад, ки аъзои Ал-Қоида хатарноктарин гурӯҳи террористӣ дар ҷаҳон ба онҷо роҳ ёфтанд ва Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони маъруф дар Афғонистонро куштанд.

Табиби тоҷик тақрибан 10 сол боз дар шифохонаи ноҳияи Хоҷа Баҳовуддин дар вилояти Тахор кор мекунад ва бисёре аз мардумони ноҳия ва манотиқи наздик ӯро мешиносанд.

Мамлакатро музди кори беҳтар ба ин кишвари хатарнок овард. Пулеро, ки ӯ дар ҳамсоякишвари ноамн ба даст меорад кор мекунад, ба ҷойи амн, ба ватанаш, Тоҷикистон фиристод, вале барои пас гирифтани он бисёр азоб кашид.

Азбаски табибони зан дар ин минтақаи ноамни Афғонистон каманд ва худи бонувони афғон аз тарси Толибону тундравон ба инҷо барои кор намеоянд, бисёре аз духтарону занон барои муолиҷаву муоина ба Мамлакат муроҷиат мекунанд. Дар ҷомеаи муҳофизакори Афғонистон бонувон ба ҳеҷ ваҷҳ назди табиби мард намераванд ва мардон ҳам иҷоза намедиҳанд, ки ҳамсар, хоҳар ё духтарашонро пизишки мард муоина кунад.

“Ман занҳоро табобат мекунам, кӯдакони 5-сола, то 8-соларо низ. Аз соли 2007 дар Афғонистон кор мекунам, худам анестизиолог ҳастам, вале инҷо ба ҳайси духтури занон кор мекунам” - мегӯяд, ӯ.

Паёми зиндагӣ ва садои марг

Ҳангоми ҷарроҳӣ бо ҳамкори афғон
Ҳангоми ҷарроҳӣ бо ҳамкори афғон

Шабҳое шудааст, ки Мамлакат то рӯз нахобида дар таваллуди занони зиёде кӯмак кардааст ва бахусус дар таваллуди онҳое, ки ба табибони варзида эҳтиёҷ доранд.

“Инҷо занҳо хунравӣ мешаванд, камхунӣ доранд, дар ин ҳолат ман ба онҳо кӯмак мекунам, агар парастор натавонист, ё агар бисёр вазнин буд, ба бемористони вилоят мефиристем. Шабе шудааст, ки 15 нафарро зоёндаем, ҳатто аз 15 нафар ҳам зиёд. “

Мамлакат, ки зодаи Фархор аст, мегӯяд, аз як тараф паёми зиндагӣ, яъне гиряи навзод, аз тарафи дигар садои маргро мешунавад. Ӯ рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Бовар кунед, шабе нест, ки то рӯз садои тирандозӣ нашунавем. Бисёр вазъ ноамн аст. Мо инҷо кор мекардем, ба мо аз амнияти Тоҷикистон занг заданд, ки баргардем, зеро авзоъ ноором аст. Мо 20 рӯз дар Тоҷикистон будем. Толибон ҳамла карданд, ноҳияи мо 20 рӯз дар муҳосира монд. Ба мушкил инҷоро озод карданд.” -

Вилояти Тахор, яке аз вилоятҳои ноамни Афғонистон ва дар наздикии марз бо Тоҷикистон аст. Толибон пайваста ба инҷо ҳуҷум мекунанд ва моҳи апрел яке аз минтақаҳои ноҳияи Дарқади вилоятро ишғол карданд.

Кори беҳтар, вале бо маломат

Мамлакат Шамсова солҳои тӯлонӣ мушкилоти сахт ва гоҳо шароити тоқатфарсоро таҳаммул кард ва ба шарофати музди кори баландтараш, ки аз 650 то 700 долларро ташкил медиҳад, соҳиби хонаи хусусӣ дар Душанбе шуд.

Табиби тоҷик бо дархости созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон рафт ва ду фарзандашро пеши наздиконаш монд. Ӯ маҳз ба хотири фарзандон ба инҷо омаду ноамнӣ ва сахтиҳоро таҳаммул кард, то онҳо дар оянда зиндагии беҳтар дошта бошанд.

“Мардуми Афғонистон бисёр мардуми меҳмондӯст ва инсондӯст ҳастанд, вале баъзан таънаву маломат мекунанд, ки инҳо аз Тоҷикистон омадаанд ва пулҳои моро кор карда мебаранд. Мо бисёр таънаву миннат мешунавем, вале мушкилот, ки дорем, таҳаммул мекунем, чӣ кор кунем. “

Мамлакат дар ин муддат ба Тоҷикистон баргашту як сол кор кард, аммо музди кори хуб наёфт ва ноилоҷ ба Афғонистон омад.Ӯ дар идомаи сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Ман шукр мекунам, ки инҷо кор кардам, дар Тоҷикистон соҳиби хона шудам, баъзе аз мушкилотамон ҳал шуд. Хостам каме барои кӯдаконам пасандоз кунам, ки пагоҳ онҳо калон мешаванд, таҳсил мекунанд. Ҳоло худатон медонед, ки тамоми донишгоҳҳо дар Тоҷикистон шартномавӣ аст. Хостам, ки фарзандонам пуле дошта бошанд, ки дар донишгоҳ таҳсил кунанд. Ман ба ҳамин хотир дар бонкҳо пул мондам, ки фарзандонам калон шаванд, бо пули худашон таҳсил кунанд.”

Сарнавишти номаълуми пасандозҳо

Ҳоло сарнавишти пасандозҳои Мамлакат номаълум аст. Пасандозҳое, ки модари тоҷик барои ду фарзандаш Мӯнисаи 15-сола ва Муҳаммади 10-сола дар ду бонки Тоҷикистон гузошт.

Мӯниса ва Муҳаммад
Мӯниса ва Муҳаммад

​“Соли 2014 пулро ба номи духтарам дар “Тоҷиксодиротбонк” мондам. 2500 доллар дар “Тоҷиксодиротбонк” ва 3 000 доллар дар “Агроинвестбонк” гузоштам. Дар расонаҳо шунидам, ки бонкҳо мисле ки суқут мекунанд. Баъд, рафтам, Тоҷикистон ва хостам аз “Тоҷиксодиротбонк” пурсам, ки масъалаи пули мо чӣ мешавад” -мегӯяд, ӯ.

Ман то кай дур аз ватан бошам. Ман мехоҳам пеши фарзандонам бошам, фарзандонамро каме тарбия кунам.

Ба Мамлакат дар ин бонки гирифтори мушкил, гуфтаанд, ки наметавонад, ҳамаи пасандозҳояшро якбора бигирад. Кормандони "Тоҷиксодиротбонк" ба шарҳ додаанд, ки ҳақ дорад, қисм-қисм, яъне ҳар рӯз ба миқдори 200 сомонӣ бигирад. Ӯ, ки наметавонист, дар Тоҷикистон бимонад ва бояд ба ҷойи кораш ба ноҳияи Хоҷа Баҳоваддини Афғонистон баргардад, ба номи хоҳараш ваколатнома навишт, то пулро ба ӯ бидиҳанд.

“Ман гуфтам, дар ҷойҳое, ки мо кор мекунем, дар давлатҳои ҷангзада, мо бо як корти бонкӣ аз як вилоят ба вилояти дигар меравем, аз бонк пул гирифта метавонем. Дар ватани худамон пули худамон, ки бо дасти худамон додем, бояд ман ба дари идораи асосии шумо рафта бишинам, ки пул бигирам“ - шикоят кард, табиби тоҷик.

Азми бозгашт ба ватан

Мамлакат мехост, ба Тоҷикистон баргардад, вале имсол якбора ду мусибат ба сараш омад. Модараш фавтид ва 40 рӯз баъд ҳамсари бародараш даргузашт. Корашро давом дод, то барои баргузории маросими худоии онҳо кӯмак кунад.

“Тасмим дорам, соли модарамро гузаронам баъд баргардам, инҷо дигар асаби инсон намебардорад. Вақте ман Афғонистон омадам, бо меҳнати ҳалоли худ кор кардам, хона харидам, шукри Худо бе мушкилот фарзандонам зиндагӣ мекунанд, вале ман то кай дур аз ватан бошам. Ман мехоҳам пеши фарзандонам бошам, фарзандонамро каме тарбия кунам. Худатон мефаҳмед, ки вақте модар аз фарзанд дур аст, чӣ мушкилоте сари онҳо меояд. “

Мамлакат яке аз ҳазорон мизоҷони “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” аст, ки дар ин бонкҳо пасандоз гузоштаанд ва ба далели мушкилоти молии онҳо наметавонанд, пули худро пас бигиранд.

Раҳбарони бонкҳо гуфтаанд, ки пули мардумро ба тадриҷ пас медиҳанд, вале ба гуфтаи Мамлакат, хоҳари ӯ бо тифли 6-моҳа бояд ҳар рӯз пушти дари бонк биёяд, то ба ӯ 200 сомонӣ бидиҳанд. Дар чунин ҳолат ба ҳоҳари Мамлакат зарур аст, дар муддати 360 рӯзи корӣ як борӣ барои гирифтани пул муроҷиат кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG