Пайвандҳои дастрасӣ

Афсари пулиси Афғонистон панҷ ҳамтои худро парронд


Акс аз бойгонӣ

Як афсари пулиси Афғонистон дар вилояти шарқии Нангарҳор ба сӯи ҳамкоронаш тир кушод ва панҷ нафарро кушта ба ҷо гузошт. Дар ин бора як мақоми маҳаллӣ хабар дод.

Абдул Ваҳҳоб Моманд, волии ноҳияи Ғанӣ Хел гуфт, ин ходими пулис ҳамтоҳои худро шоми 18 май дар ҳоле ҳадаф қарор дод, ки онҳо дар пойгоҳ хоб буданд.

Ҳамлагар, ки аз ӯ Нусратуллоҳ ном мебаранд, қабл аз фирор аз саҳнаи куштор, силоҳи ҳамтоҳояшро бо худ гирифт.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Ҳам Толибон ва ҳам гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Нангарҳор, ки бо Покистон марзи муштарак дорад, фаъол шудаанд.

Рӯзи 17 май, чаҳор ҳамлагар ба бинои телевизиони давлатӣ дар Ҷалолобод ҳуҷум карда, соатҳо бо нерӯҳои амниятӣ вориди даргирӣ шуданд.

Масъулияти ин ҳамларо, ки бо шумули худи ҳамлагар 10 кушта дорад, гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG