Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Шведсия аз таъқиби бунёдгузори Wikileaks даст мекашад


Ҷулиан Ассанҷ - бунёдгузори Wikileaks

Додситони Шведсия рӯзи ҷумъа эълон кард, ки таҳқиқи ибтидоии парвандаи Ҷулиан Ассанҷ дар заминаи таҷовуз ба номусро қатъ мекунад. Ба ин тартиб, марҳилаи муқовимати 7 солаи адлияи Шведсия бо бунёдгузори сомонаи Wikileaks ба поён мерасад.

Ассанҷ соли 2012 аз таъқиби додгоҳи Шведсия ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурд ва аз он замон дар ҳамон бино зиндагӣ мекунад. Додситонҳои Шведсия истирдоди ӯро дар заминаи ҷиноятҳои ҷинсӣ талаб мекарданд. Ассанҷ иттиҳомро қотеона рад кард ва гуфт, ки аз бозгашт ба Шведсия ҳарос дорад, зеро мақомот метавонанд ӯро ба Амрико истрдод кунанд.

Вашингтон талаб дорад, ки Ҷулиан Ассанҷ барои фош кардани санадҳои маҳрамонаи давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG