Пайвандҳои дастрасӣ

Бедодгарии жола ва талаф ёфтани киштзорҳои мардум дар Ваҳдат. ВИДЕО


Рӯзи 18-уми май жолаи сахт, даҳҳо гектар киштзор ва дарахтони садҳо сокини ҷамоати Абдулло Абдувосиев дар ноҳияи Ваҳдатро нобуд кард.

Ба гуфтаи сокинони ҷамоат, офати табиӣ, заҳмати деҳқононро, ки кишоварзӣ манбаи даромади аслиашон аст аз байн бурд ва ҳоло мардум ночоранд, дигарбора кишт кунанд.

Баҳриддин Убайдов, яке аз сокинони рустои Кабирободи ҷамоат рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди аз нисфирӯзӣ боди сахте вазид ва сипас жолаи сахте бориду дарахтҳоро пӯст канд ва кишти баҳории мардумро ба хок яксон кард. Дар видеоҳое, ки аз ин ҷамоат ба Радиои Озодӣ фиристоданд, жолаи сахте дида мешавад, ки башиддат меборад ва ба дарахту полези мардум сахт садама мезанад.

“Дар ҳамин 7 дақиқа тамоми меваи дарахтон, ҳама рехт, зироат, чӣ картошка, чӣ пиёз ва чизи дигаре, ки буд, талаф ёфт, халос шуд” – мегӯяд, Баҳриддин Убайдов.

Дар деҳаи Кабиробод, ки бештар аз 100 хонавода дорад, аксарияти мардум ба кишоварзӣ машғуланд ва талаф шудани зироату мева, маънии бозгашт ба камбизоатиро дорад.

“Апаи худам, ҳамсоя гиря карданд, барои меҳнати кардаашон гиря карданд, ки меҳнат кардем, то имрӯз расондем, офат ба ин ҳолат расонд. Гиря карданд албатта. Мардум бениҳоят ғамгин ва нороҳат аст.“

Жолаи сахт ва оқибатҳои он дар Кабирободро дар ин видео бубинед

Мардуми деҳаи Кабиробод тақрибан дар 130 гектар зироатҳои гуногун киштаанд ва бисёре аз онҳо осеб дидааст. Жолаи сахт на танҳо ба Кабиробод, балки дар деҳоти Даштибед, Обидара ва Кофарниҳон низ осеб расонидааст, ҳарчанд миқёси хисорот дар ин рустоҳо маълум нест.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз маълумот дар бораи хисороти жола ба ин деҳот нагирифтаанд, аммо боди сахту жола дар дараи Ромит, боми як хонаро вайрон карда ва 500 метр роҳи Ромит-Ваҳдатро хароб кардааст.

Баҳриддин Убайдов мегӯяд, мардум дигар илоҷе ба ғайр аз кишти дубора надоранд, вале дарахтони мевадор, дигар “дубора гул намекунанду мева намедиҳанд”.

“Аз дирӯз аз ҷамоат омаданд ва диданд. Ҳоло маълум нест, ки хисорот чӣ қадар аст. Вале аз нигоҳи мардуми деҳа, худамон, ҳар касе, ки зироат дошт, нобуд шуд, тамом шуд, аз гандум, то помидору дигару дигар. Ҳамааш халос, тамом шуд. Мевагиҳоро ҳам зад, дарахтон тақрибан 60 дар сад баргу меваашон рехт, халос шуд.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG