Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Террористонро аз сарзаминҳоятон биронед"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз раҳбарони кишварҳои арабӣ даъват кард, бо “ифротгароии исломӣ” муқобила кунанд. Ӯ рӯзи 21-уми май зимни суханронӣ дар ҳузури даҳҳо раҳбари кишварҳои мусулмоннишин дар шаҳри Риёз дар Арабистони Саудӣ гуфт, ҷанг бо терроризм “набарди хайр бо шарр аст”, на бархӯрди тамаддунҳо. Дар ҳамоиши Саммити Исломии Арабӣ ва Амрико раҳбарону мақомоти баландпояи 50 кишвари мусулмоннишин, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Терроризм дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст. Аммо роҳ ба сулҳ маҳз аз инҷо, аз ин сарзамини қадимӣ ва муқаддас шурӯъ мешавад. Онҳоро аз сарзамини худ, аз ҷомеаҳои худ биронед.

Доналд Трамп зимни ин нутқи муҳим ва муроҷиат ба мусулмонон дар ҷаҳон гуфт, мубориза бо терроризм “Набард бо ҷинояткорони ваҳшӣ аст, ки дар пайи нобудии инсонҳо ҳастанд ва мардумони наҷиби тамоми динҳо бояд, дар ҳимояти зиндагии инсонҳо бошанд.”

“Яъне бояд ба зидди бӯҳрони тундгароии исломӣ ва гурӯҳҳои исломии террористӣ, ки аз он илҳом мегиранд, самимона муқобила кард. Яъне бояд ҳамроҳ ба қатли мусулмонон, ситам ба занон, таъқиби яҳудиён, ва қатли масеҳиён муқобила кунем.”

Доналд Трамп, зимни ин суханронӣ ба муборизаи муштарак ба зидди терроризм ва нобудии гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ даъват кард.

Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт: “Терроризм дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст. Аммо роҳ ба сулҳ маҳз аз инҷо, аз ин сарзамини қадимӣ ва муқаддас шурӯъ мешавад. Онҳоро аз сарзамини худ, аз ҷомеаҳои худ биронед.“

“Ҳадафи мо, як эътилофи кишварҳоест, ки як ният доранд ва нияти маҳви ифротгароӣ ва таъмини ояндаи умедворкунанда барои фарзандонамон.” Аммо ин шарро замоне метавонем, рафъ кунем, ки нерӯҳои хайр муттаҳид ва қавӣ шаванд ва ҳар нафар дар ин толор саҳме бигирад ва онро иҷро кунад. “

Истиқболи Доналд Трамп дар Арабистони Саудӣ
Истиқболи Доналд Трамп дар Арабистони Саудӣ

Доналд Трамп ваъда дод, ки Амрико дар мубориза бо терроризм кӯмак хоҳад кард, вале аз кишварҳои Ховари Миёна хост, ки барои пешрафти ин мубориза кори бештар кунанд.

Суханронии Доналд Трамп, яке аз муҳимтарин бахши сафари хориҷии ӯст, ки дар Исроилу Ватикан, Итолиё ва Белгия идома мекунад. Доналд Трамп аз Арабистони Саудӣ ба Исроил, Ватикан меравад, дар шаҳри Ситсилияи Итолиё дар нишасти намояндагони ҳафт кишвари пешрафтаи ҷаҳон ширкат мекунад ва баъд аз он дар Брюссел дар ҳамоиши намояндагони кишварҳои узви НАТО ҳузур хоҳад дошт.

Доналд Трамп зимни суханронӣ Башор Ассад, раиси ҷумҳури Сурияро барои “ҷиноятҳои гӯшношид ба зидди башарият” ва Эронро барои мусоидат ба низоъ дар ҷанги шашсолаи дохилии Сурия танқид кард.

Яъне бояд ба зидди бӯҳрони тундгароии исломӣ ва гурӯҳҳои исломии террористӣ, ки аз он илҳом мегиранд, самимона муқобила кард. Яъне бояд ҳамроҳ ба қатли мусулмонон, ситам ба занон, таъқиби яҳудиён, ва қатли масеҳиён муқобила кунем.

Ӯ Эронро ба сармоягузории терроризм муттаҳам карда ва гуфт, ки ин кишвар сабаби ноамнӣ ва харобӣ дар тамоми Ховари Миёна аст.

Ба гуфтаи ӯ, мардуми Эрон, ки фарҳангу таърихи бое доранд, сазовори ҳукумати боинсоф ва масъуле ҳастанд.

Пеш аз суханронии Доналд Трамп, шоҳи Арабистони Саудӣ, "Эрон пештози терроризм номид."

Ба суханронии Доналд Трамп дар Арабистони Саудӣ таваҷҷӯҳ зиёд буд, зеро ӯ ҳангоми корзори интихоботӣ борҳо баёнияҳои зидди исломӣ додааст ва ҳам баъди расидан ба қудрат фармон дод, вуруди шаҳрвандону паноҳандагони чанд кишвари мусулмононишин ба истиснои Арабистони Саудӣ ба Амрико муттавақиф шавад. Аммо иҷрои фармони ӯро додгоҳҳо боздоштанд.

Доналд Трамп ҳамчунин бо гурӯҳе аз ҷавонон дар Арабистони Саудӣ дар Твиттер як муколама хоҳад дошт. Баъди хотимаи сафар дар Риёз Доналд Трамп ба Исроил меравад ва рӯзи 22-уми май бо нахуствазир Бенямин Нетаняҳу мулоқот мекунад. Қарор аст, ӯ ба маҷмааи ёдгории қурбониёни Ҳолокост бо номи Яд Вашим дар Байтулмуқаддас ҳам биравад.

XS
SM
MD
LG