Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор медали Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ


Наврӯз Арабов.
Наврӯз Арабов.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - рӯзи 21 май дар мусобиқаи варзишҳои зӯрхонаӣ чор медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Наврӯз Арабов дар сабқати “Санг” ва “Мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ гардид. Ду медали дигарро барои ҷойҳои севум ба мунтахаби Тоҷикистон Абдуалӣ Назаралӣ дар рақобатҳо дар навъи “Чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар навъи “Каббода” оварданд.

Дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку, ки имрӯз, 22 май, ба анҷом мерасад, беш се ҳазор варзишгар аз 54 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 21 намуд дохил аст. Дар рӯзи охирини бозиҳо мусобиқаҳои ниҳоӣ аз рӯи ду намуд – теннис ва тенниси рӯимизӣ – миёни мардону занон доир мешаванд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ аз рӯи ҳафт намуд – ҷудо, тирандозӣ, таэквондо WTF, волейбол (дастаи занона), вазнабардорӣ, гуштии озод ва варзишҳои зӯрхонаӣ – рақобат карда, дар шаш намуд ноком шуданд. Дастаи мунтахаби занонаи волейболи Тоҷикистон дар ҳарсе бозиаш аз тимҳои Туркия ва Озарбойҷон бо ҳисоби якхелаи 0:3 ва аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи ҷудо Шоҳида Қаландарова дар миёни занон дар вазни зери 57 кило баъди пирӯзӣ бар рақибаш аз Албания, дар ду қувваозмоии дигар аз варзишгарони Кот-де Ивуар ва Қирғизистон мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард. Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати мардон дар вазни зери 73 кило пас аз пирӯзӣ дар даври аввал бар намояндаи Малайзия, дар даври шонздаҳякниҳоӣ аз Рустам Оруҷови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи тирпарронӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр миёни занон Малика Лагутенко ва Нозанин Лутфуллоева, дар сабқати мардон дар тирпарронӣ аз туфангча ба масофаи 10 метр Бежан Файзуллоев ба нокомӣ дучор шуданд. Дар вазнабардорӣ миёни мардон дар вазни зери 69 кило Илҳомҷон Шукуров бо натиҷаи 245 кило (110+135) дар байни 14 нафар дар ҷойи 11-ум қарор гирифт.

Дар сабқати таэквондо WTF ҳарду варзишгари тоҷик – Фарҳод Неъматов ва Моҳрӯ Ҳалимова – бе медал монданд. Фарҳод дар рақобатҳо дар вазни зери 87 кило миёни мардон дар нахустин қувваозмоияш бар Юсуф Эгуеҳ аз Ҷибутӣ ғолиб омад, вале дар даври чорякниҳоӣ аз намояндаи Кот-де Ивуар шикаст хӯрд. Моҳрӯ бошад, дар сабқати занон дар вазни аз 73 кило боло дар даври чорякниҳоӣ аз Светлана Осиповаи узбакистонӣ мағлуб шуд.

Чор варзишгари тоҷик - Сорбон Абдулҳаев (70 кг), Ҳамид Ҷалилов (74 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг) - дар риштаи гуштии озод дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Дар сабқати варзишҳои зӯрхонаӣ бошад, Тоҷикистонро панҷ нафар - Наврӯз Арабов, Маъруф Маҳмудов, Назаралӣ Абдуалӣ, Исмоил Сангов ва Баҳодур Тоҳиров – намояндагӣ карданд. Се нафари онҳо - Наврӯз Арабов (ду медал), Назаралӣ Абдуалӣ ва Исмоил Сангов – барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ аз рӯи натиҷагирии мусобиқот то имрӯз, 22 май, дар ҳисоби умумумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Озарбойҷон бо касби 154 медал (75 медали тилло, 46 нуқра ва 33 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Туркия, ки ҳамагӣ 185 медал (68 медали тилло, 63 нуқра ва 54 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Эрон бо касби 90 медал (31 медали тилло, 26 нуқра ва 33 биринҷӣ) дар ҷойи севум аст.

Умуман, то имрӯз варзишгарони 39 кишвар медалҳои Бозиҳои IV ҳамбастагии исломиро соҳиб шудаанд ва аз байни онҳо намояндагони 26 кишвар барандагони медалҳои тилло гардидаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон бо 62 медал (15 медали тилло, 17 нуқра ва 30 биринҷӣ) дар ҷойи чорум, Қирғизистон бо 16 медал (4 медали тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи даҳум, Қазоқистон бо 19 медал (2 медали тилло, 5 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи чордаҳум ва Туркманистон бо 12 медал (2 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи понздаҳум қарор гирифтаанд. Тоҷикистон бошад, бо 4 медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Афғонистон, ки 5 медали биринҷӣ дорад, ҷойи 36-умро касб кардааст.

Шоми имрӯз, 22 май, дар шаҳри Боку маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ доир мешавад.

XS
SM
MD
LG