Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромади фарзандони Қодиров дар як сол даҳҳо баробар зиёд шуд


Рамазон Қодиров бо ҳамсараш Медни ва духтараш Оиша
Рамазон Қодиров бо ҳамсараш Медни ва духтараш Оиша

Даромади ду фарзанди ноболиғи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар соли 2016 дар муқоиса бо соли гузашта 50 мартиба боло рафт. Гузориши дар бораи даромади фарзандони Қодиров дар саҳифаи расмии ҳукумати минтақавӣ нашр шуд.

Бар асоси ин санад, ду фарзани Қодиров, ки номашон эълон нашудааст, дар соли 2016 ҳар кадоме 10 миллон рубл фоида гирифтаанд. Дар ҳоле, ки даромади онҳо соли пеш ҳамагӣ 200 ҳазор рубл буд.

Худи Қодиров даромадашро дар соли 2016 каме бештар аз 11 миллион гузориш додаст. Даромади ҳамсари ӯ ду миллион буда, дар муқоиса бо соле пеш 700 ҳазор рубл кам аст.

Қодиров 12 фарзанд дорад. Духтари бузурги ӯ Оиша раҳбари Хонаи мӯди "Фирдавс" аст, ки онро модараш Медни Қодирова таъсис дода буд.

XS
SM
MD
LG