Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нишасти G7 ихтилофи назарҳо пешгӯӣ мешавад


Наҳори кории иштирок дорони нишасти G7 дар Италия, 27майи соли 2017
Наҳори кории иштирок дорони нишасти G7 дар Италия, 27майи соли 2017

Рӯзи 26 май раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбарони дигари узви гурӯҳи "Ҳафтгонаи бузург" дидору гуфтугӯҳоро дар шаҳри Таорминаи Ситсилия (Италия) оғоз карданд.

Дар ин нишаст ихтилофи ҷиддии назарҳо дар байни президент Трамп ва иштирокдорони дигари саммит бар сари масоиле мисли тиҷорати ҷаҳонӣ, муҳоҷират ва мубориза бо гармои иқлим пешгӯӣ мешавад.

Раҳбарони Аврпуо, бо шумули садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раиси ҷумҳури тозаинтихоби Фаронса Эммануэл Макрон, умедворанд, ки Трамп мавқеашро дар як қатор масъалаҳо нармтар мекунад.

Рӯзи 25 май раиси ҷумҳури Амрико дар мулоқот бо раҳбарони Иттиҳоди Аврпуо таодули мусбати тиҷоратии Олмонро шадидан танқид кард ва дар нишасти НАТО мутаҳидиниро ба ин муттаҳам кард, ки онҳо барои мудофиа пули кам сарф мекунанд.

XS
SM
MD
LG