Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Камол Нуралиев, қудои президенти Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Камол Нуралиев, собиқ муовини аввали вазири хоҷагии об ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 22-юми июн дар роҳи миёни Норак ва Данғара иттифоқ афтода, эҳтимол ӯ рӯзи ҷумъа дар ноҳияи Данғара ба хок супурда шавад. Камол Нуралиев 70 сол дошт ва тайи тақрибан ҳашт сол боз бознишаста буд.

Маҳмадулло Саидализода, раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, низ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷасади Камол Нуралиев ба зодгоҳаш бурда шудааст.

Камол Нуралиев
Камол Нуралиев

Дар Академияи муҳандисии Тоҷикистон, ки Камол Нуралиев узви раёсаташ буд, рӯзи 22-юми июн ҳалокати Нуралиевро тасдиқ карда, вале гуфтанд, ки аз ҷузъиёти зиёд хабар надоранд.

Камол Нуралиев ду соли пеш академики Академияи байналмилалии инженерӣ интихоб шуда, пеш аз он академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон буд.

Ӯ то соли 2009 муовини вазири хоҷагии оби Тоҷикистон буд.

Писараш Ҷамолиддин Нуралиев, ки бо духтари дувуми президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон издивоҷ кардааст, моҳи майи соли 2015 муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Ҷамолиддин Нуралиев то соли 2010 муовини вазири молия ва тайи 5 соли охир муовини якум дар ин вазорат буд. Ҳамсари ӯ Озода Раҳмон раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG