Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3000 сомонӣ – ҷуброни зарар ба хонаводаи сарбози кушташудаи тоҷик


Акси Абдуваҳҳоб Қаюмов
Акси Абдуваҳҳоб Қаюмов

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе аз нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба хонаводаи сарбози ҳалокшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов 3 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёндааст. Қаблан ин хонавода аз нирӯҳои марзбонӣ 500 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб карда буд.

Масъулони созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ гуфтанд, ки волидони Абдуваҳҳоб аз ин ҳалномаи додгоҳ розӣ нестанд ва дубора шикоят хоҳанд кард. Дилафрӯз Самадова, намояндаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “нирӯҳои марзбонӣ ба модари Абдуваҳҳоб ва падараш 2 сомонӣ додааст.”

Баъд аз ду моҳи хидмат, рӯзи 6 июли соли 2015, ҷасади Абдуваҳҳобро ба дасти наздиконаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супурданд. Падари Абдуваҳҳоб кишоварз буда, баъд аз марги фарзанд муддате дар ҳолати “шок” қарор доштааст.

Як мақоми нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар вақти ба ҷазо кашидани сарбозоне, ки Абдуваҳҳоб Қаюмовро латту кӯб намуда ва ба ҳалокат расонидаанд, ба мақомоти тафтишот кумак карданд. “Дар натиҷа ду сарбоз Шӯҳрат Ёқубов ва Исмоил Маҳмадёров ба 16 ва 17-солии зиндонӣ шуданд ва як “прапоршик”-и қисми ҳарбӣ барои хунукназарӣ ду сол ҳабс гардид”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сардори дафтари матбуоти нирӯҳои сарҳадбонӣ низ мегӯяд, дар сурати шикояти дубораи волидони Абдуваҳҳоб Қаюмов онҳо ба қонунгузорӣ такя мекунанд ва ба ҳукми додгоҳ эҳтиром мегузоранд.

Ахиран Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе вобаста ба шикояти волидони сарбози дигари ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов аз нирӯҳои сарҳадбонӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар рӯёндааст. Волидони Фирдавс Раҳматов низ аз ин ҳалнома розӣ нестанд ва шикоят хоҳанд бурд.

Ҳар сол ҳодисаҳои латту кӯб ва марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мешавад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG