Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати «ДИСИ Инвест» дар қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё


Дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017, ки аз 20-ум то 30-юми июл дар шаҳри Ҳошимини Ветнам баргузор мешавад, ширкат меварзад.

«ДИСИ Инвест» ба гурӯҳи «В» шомил аст. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон финалисти мусобиқаи порсола – дастаи «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, тими «Вамос Матарам»-и Индонезия ва қаҳрамони Қатар – бошгоҳи «Ал-Райян» - мебошанд.

«ДИСИ Инвест» таҳти раҳбарии мутахассиси эронӣ Ҳусейн Афзалӣ нахустин бозиашро рӯзи ҷумъаи 21-уми июл муқобили «Нафит Ал-Васат» анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад. Баъдан 23-юми июл бо «Ал-Райян» (оғози бозӣ соати 14:30 ба вақти Душанбе) рақобат мекунад. Дар даври хотимавии сабқати гурӯҳӣ «ДИСИ Инвест» 25-уми июл бо «Вамос Матарам» (оғози бозӣ соати 14:30 ба вақти Душанбе) рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Phu Tho»-и Ҳошимин барпо мегарданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2017 оид ба футзал, ки аз 20-ум то 30-юми июл дар Ветнам баргузор мешавад, ҳамагӣ 14 даста иштирок мекунад. Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҳайати «ДИСИ Инвест» дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Зулфиқор Раҳмонов, Муродулло Алиқулов;

Бозигарон: Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Меҳрубон Тиллозода, Умед Қӯзиев, Муҳаммад Раҳмонов, Мансур Эргашев, Шоҳрух Ҳамидов, Бруно Сантяго Ҷонатан (Бразилия), Амин Насруллозода (Эрон).

СармураббӣҲусейн Афзалӣ (Эрон).

Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017:

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

21 июл (ҷумъа)

14:30 – «Ал-Райян» (Қатар) – «Вамос» (Индонезия)

17:00 – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

23 июл (якшанбе)

14:30 – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) – «Ал-Райян» (Қатар)

17:00 – «Вамос» (Индонезия) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм

25 июл (сешанбе)

14:30 – «Вамос» (Индонезия) – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон)

17:00 – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Райян» (Қатар)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG