Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон: Аз мақом рафтани Асад дигар талаби аввалиндараҷа нест


Як мушовири масоили зиддитеррористии президенти ИМА гуфт, ки Вашингтон ба барканории билофосилаи президенти Сурия Башор Асад пофишорӣ нахоҳад кард. Том Боссерт дар як изҳороташ рӯзи 20 июл гуфт, “фикр намекунам, ки барои мо муҳим аст, ки бигӯем “дар навбати аввал Асад бояд мақомашро тарк кунад”. Ин изҳорот дар як ҳамоиши амниятии Колорадо садо дод.

Вай гуфт, ки аз мақом рафтани Асад имрӯз не, як рӯзи дигар матраҳ мешавад. Мавқеи имрӯзаи Кохи Сафед аз оне, ки маъмурияти Барак Обама дошт, фарқ мекунад. Президенти собиқ тарки мақом кардани раҳбари Сурия Башор Асадро шарти муҳими ҳалли сиёсии вазъ дар Сурия номида буд. Ба назар мерасад, ки раҳбарони дигар дар Аврупо ҳам мавқеи худро дар ин замина нармтар кардаанд.

Ахиран Эммануэл Макрон, президенти Фаронса дар мулоқот бо Доналд Трамп дар Париж гуфта буд, ки аз мақом рафтани Асад пешшарти дастёбӣ ба созиши сулҳ дар Сурия нест. Боссерт гуфт, ки дар мавриди Сурия як натиҷаи сиёсӣ, на низомӣ зарур аст. Бо ин вуҷуд, маъмурияти Трамп гуфтааст, ки бовар дорад дар сари қудрат мондани Асад наметавонад барои сулҳи давомдори Сурия хизмат кунад. Вай гуфт, ба ҳар сурат, “дар навбати аввал, дуюм ё дар ниҳояти кор аз мақом рафтани Асад як натиҷаи хуб хоҳад буд”.

XS
SM
MD
LG