Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БҶ: "Коҳиши фақр дар Тоҷикистон ба рушди иқтисоди Русия бастагӣ дорад"


Коҳиши минбаъдаи мизони фақр дар Тоҷикистон, аз рушди иқтисод дар Русия бастагӣ дорад, чун беш аз 800 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд ва пулҳои интиқолии онҳо, даромади асосии аксарияти хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст. Ин яке аз натиҷаҳои гузориши тозаи иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ доир ба рушди иқтисод ва иҷтимоиёт дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи 20-уми июл ба нашр расид. Бинобар омори охири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ним соли аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷ 242 ҳазору 792 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 21 дарсад камтар аст.

Бар пояи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон хуб нест. Бинобар пешбинии ин бонк, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон имсол дар қиёс ба соли гузашта 1,4 дарсад камтар шуда, дар сатҳи 5,5 дарсад қарор хоҳад гирифт. Дар шарҳи ин пешбиниаш иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ гуфтаанд, новобаста ба беҳтар шудани шароити иқтисод дар хориҷ аз кившар, “афзоиш ёфтани заъфи дохилӣ барои рушди уствори иқтисодӣ риски бузург боқӣ мемонад”.

Бинобар пешбиниҳои ин бонк, афзоиши воқеии ММД дар соли 2017 коҳиш меёбад ва эҳтимол дорад, дар солҳои 2018-19 рушди иқтисод ба маҷрои пешини худ баргардад. Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, заъфи афзояндаи корхонаҳои давлатӣ, фазои носозгорӣ тиҷоратӣ ояндаи рушди иқтисодро тира кардаанд.

Дар идома муаллифон навиштаанд, таҳлили соҳаи молиявӣ дар кишвар метавонад, зарурати иловагии ҳимояти молии давлат аз бонкҳоро низ ошкор кунад. Шева ва мизони андозбандиро низ дар Тоҷикистон муаллифон “номусоид” арзёбӣ карда ва гуфтаанд, идомаи ин вазъият боиси кам шудани манбаъҳои андозбандӣ ва маҳдуд шудани сармоягузориҳо мегардад.

XS
SM
MD
LG