Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти амнияти Русия "неофашистҳои мусаллаҳ"-ро боздошт кард


Сарбозони ФСБ
Сарбозони ФСБ

Хадамоти амнияти Русия (ФСБ) мегӯяд, ки гурӯҳи мусаллаҳи "неофашистҳо"- ро дар Маскав боздошт кардааст

Дар изҳороти рӯзи 27 июл Хадамоти амният гуфт, ин гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти махсусе боздошт шуд, ки рӯзҳои 25-26- и ҳамин моҳ сурат гирифт. ФСБ нагуфт, ки дар маҷмӯъ чанд нафар боздошт шуд.

Аммо ба бовари кормандони амният гурӯҳи мазкур коргоҳи пинҳонии истеҳсоли силоҳи оташфишонро таъсис дода буд.

Ба маълумоти ин ниҳод дар ҷараёни боздошт аз гурӯҳ мусалсал, автомати Калашников, даҳҳо таппонча ва маводи тарканда мусодира шуд.

XS
SM
MD
LG