Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонҳои ИМА: "Трамп бо мо рафтори "ғайридӯстона" дорад"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Бахши умдаи мусалмонҳои Ийолоти Муттаҳида мегӯянд, эҳсос мекунанд, ки президент Трамп ба мусалмонҳо бархӯрди дӯстона надорад, аммо 92 дар сади пурсидашудаҳо гуфтанд, ки онҳо аз амрикоӣ будани худ ифтихор мекунанд.

Дар назарсанҷии ахири Маркази пажуҳишии "Пю", ки рӯзи 26 июл пахш шуд, ними пурсидашудаҳо гуфтанд, ки бинобар мусалмон буданашон соли гузашта аз тарафи амрикоиҳоии дигар пуштибонӣ ёфтаанд.

Назарсанҷӣ тавассути телефони хонагӣ ва ҳамроҳ, аз 23 -уми январ то 2-уми майи соли 2017-ро фаро гирифт ва дар он 1001 мусалмоне иштирок карданд, ки дар Амрико зиндагӣ мекунанд.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп барои баъзе изҳороташ, ки ба мусалмонҳо дар дохили Амрико ва хориҷ аз он таъсир гузоштааст, мавриди интиқод қарор дорад.

Бинобар назарсанҷӣ, 74 дар сади пурсидашудаҳо бархӯрди Трампро ба мусалмонҳо "ғайридӯстона" гуфтанд ва танҳо 12 дар сад ғайри инро гуфтанд.

Натиҷаи назарсанҷии нав комилан хилофи натиҷаи соли 2011 аст. Он замон дар пурсиши маркази "Пю" 64 сади мусалмонҳои Амрико бархӯрди Барак Обамаро "дӯстона" гуфтанд ва танҳо 5 дар сад гуфтанд, ки рафтори ӯ "ғайридӯстона" аст.

XS
SM
MD
LG