Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази Миллии Тестӣ, як ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар иттиллоияи худ аз 25-уми июл ба довталаб – Амрохон навишт: № назорати: 10451... Ба тақсимот роҳ ЁФТЕД.

Бо дидани ин хабар Амрохон дар куртааш нағунҷид ва хурсандиаш ҳадду канор надошт. Дар дилаш бо боварӣ гуфт: аз 12 даргоҳи илм ҳатман ба якеаш дохил хоҳад шуд, донишҷӯ хоҳад шуд.

Суоли аввалу охираш ин буд: Мантиқ куҷост? Ба тақсимот роҳ ЁФТЕД. Вале... Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД.

Иттилоияи баъдии ММТ рӯзи 3-юми август тариқи телефон ба Амрохон расид: № назорати: 10451... Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД. Барои ин бояд аз 19 то 22-юми август аз нав аз қайд гузаред.

Амрохон ҳайрон шуд ва гаштаву баргашта иттиллоияи қаблӣ ва феълиро хонд. Ҳеҷ бовараш наомад, ки кор ин тавр ранг мегирад.

Суоли аввалу охираш ин буд: Мантиқ куҷост? Ба тақсимот роҳ ЁФТЕД. Вале... Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД.

Амрохон ғур-ғуркунон назди падару модар мегуфт: Пас, чаро ин ниҳод мардумро гӯл мезанад, аввал мегӯяд: Роҳ ЁФТЕД. Баъд НАГУЗАШТЕД!

Баъзе аз ҳамсабақони Амрохон низ чунин иттилоияи духӯраи Маркази Миллии Тестиро дарёфт карданд ва онҳо низ то ҳол ин мантиқи ММТ – ро сарфаҳм нарафтаанд.

Яке аз падарони дӯсти Амрохон, ки аз мантиқ бохабар буд, мушаввашии Амрохонро дида таскинаш дод: Писарам ин мантиқи Маркази Миллии Тестӣ аст. “Аввал хурсандат мекунад, баъд дар нимароҳ ва дар ниҳоят ба хотири пул ба шӯъбаи кредитӣ ё шартномавӣ мегузаронад, то ҳар сол ҷайби падаратро холӣ кунад”.

Амрохон ҳам, ки дар мактаби миёна мантиқ нахондааст, акнун ба мантиқи Маркази Миллии Тестӣ сарфаҳм рафт. Он қадар сарфаҳм рафт, ки дигар намедонад, чӣ кор кунад: Мантиқи ММТ-ро то ба охир пайгирӣ кунад ё аз баҳри хондан барояду ба сафи Артиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия пайвандад?!

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG