Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаи ошиқозор аз кор озод шуд. ВИДЕО, САДО


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи як шикоят нозиреро, ки ҷуфтҳои ошиқро дар кӯчаҳои Душанбе боздошт мекард, аз кор рондааст.

Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Вечерка” ва вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе дар пайи бозпурсӣ шудани писараш Азиз Амиршоева - донишҷӯи курси дуввуми Донишгоҳи давлатии Челябински Русия ва дӯстдухтараш аз сӯи кормандони пулис дар санаи 1-уми август, ба вазорати корҳои дохилӣ шикоят бурда буд.

Амиршоева мегӯяд, ки сокинон бояд аз ҳуқуқҳояшон дифоъ намоянд ва дар ар мавриди поймол шудани ҳуқуқҳояшон аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шикоят баранд.

Амиршоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми август гуфт, имрӯз ба вазорати корҳои дохилӣ даъват шуд ва дар он ҷо ба ӯ хабар доданд, ки Бахтиёр Забиров -- нозири тартиботи ҷамъиятии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз кор ронда шуда, роҳбари нозирони ин ноҳия, аз мақомаш барканор шудааст. Хонум Амиршоева гуфт, ин тасмимро роҳбари амнияти дохилаи Вазорати умури дохилӣ генерал Нурулло Орифзода ба ӯ шарҳ дода гуфт, "ягон қонуне нест, ки ҷуфтҳои ошиқро дастгир кунем. Ҳамчунон санаде ҳам вуҷуд надорад, ки сайру саёҳат ва даст ба дасти ҳам рафтани ҷуфтҳоро манъ кунад. Ӯ гуфт, ки милисаҳо аз ваколатҳояшон берун рафтаанд."

Гулнора Амиршоева.
Гулнора Амиршоева.

Ба гуфтаи Гулнора Амиршоева, асли мавзӯъ ба ҳодисаи шоми 1-уми август бармегардад, ки нозирони милиса писараш Азизро бо дӯстдухтараш дар кӯчаи Мирзо Турсунзода дар наздики меҳмонхонаи "Гранд Отел" боздоштанд. Пас аз ҳозир шудани Амиршоева ба ҷойи ҳодиса, милисаҳо гуфтаанд, "онҳоро ба хотири даст ба даст ва бӯсобусӣ кардан боздоштаанд". Ҳарчанд ба гуфтаи ҷавонон, онҳо танҳо канори ҳам мерафтанд ва бӯсобусӣ ҷой надошт.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ин ҳодиса ва раванди расидагӣ ба он нишон дод, ки дар ҳолати шикоят карданд ва қонунӣ будани рафтори шаҳрванд, вазорати умури дохила дар нисбати кормандонаш чора меандешад.

Милисаи ошиқозор аз кор озод шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим

Амиршоева гуфт, “ман қиссаҳои зиёде шунидаам, ки дар мавриди поймол шудани ҳуқуқҳояшон аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиква мекунад. Ман ба онҳо ҳамеша мегӯям, шикоят кунед ва барои ҳимояи ҳуқуқҳоятон мубориза баред. Аммо мушкил дар он аст, ки ҳама метарсанд ва шикоят намекунанд”. Амиршоева гуфт, ба ӯ бисёре мегӯянд, ки рӯзноманигор ва узви маҷлиси пойтахт аст ва барои ҳамин ба мушкили ӯ расидагӣ мешавад. "Аммо ман ҳамеша мегӯям, ки ин тавр нест ва ҳар шаҳрванд бояд барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ садо баланд кунад".

Ишқварзии таҳти назорати пулис - аз боғ рост ба "милисахона"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00

Гулнора Амиршоева гуфт, ки дар Тоҷикистон сохторҳои давлатӣ кор мекунанд, риояи қонун ҳам риоя ва дар ҳолати нақзаш ислоҳ мешавад, аз ин рӯ шаҳрвандон набояд аз матраҳ кардани шикояти худ бо мақомот ҳаросанд. Вай гуфт, "Тоҷикистон як давлати дунявӣ ва маданӣ аст, чаро мо бояд аз полис тарсем. Баръакс, мо бояд онҳоро одат кунонем, ки ба ҳимояи ҳуқуқи мо омода шаванд ва эътимоди мардум ҳам ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар шавад".

Таваҷҷуҳи зиёд ва нуктагириҳои кормандони милиса ба рафтори сокинон дар маконҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари як маъракаи мубориза бо сатру ҳиҷоб сурат мегирад, ки давлат онро мухолиф ба суннату фарҳанги миллӣ медонад. Дар ин ҷараён намояндагони қишри муҳофизакор иддао мекунанд, кӣ чаро мақомот танҳо ба либосҳои мазҳабӣ таваҷҷуҳ карда, ба пӯшишҳои нимаурёни аврупоӣ аз паси панҷа менигарад.

Зоҳиран дар пайи ин иддаоҳо, дар яке аз маҷлисҳои раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе ба кормандон гуфта шудааст, ки ба рафторҳои берун аз ахлоқи ҷавонон таваҷҷуҳ кунанд ва аз пахши ақидаҳое, ки мақомот танҳо ҳиҷобпӯшҳоро ҳадаф қарор додаанд ва аз рафторҳои ғайриахлоқӣ чашм мепӯшанд, ҷилавгирӣ шавад.

Ҷомеаи Тоҷикистон, бо онки дар он арзишҳои дунявӣ бартарӣ доранд, ҳамчунин як ҷомеаи суннатӣ боқӣ мондааст, ки солҳои ахир қишри муҳофизакораш бузургтар шудааст. Аксари мардум ишқварзиии ҷавононро дар кӯчаҳо хуш надоранд ва инро айб медонад. Чор сол пеш гурӯҳе аз донишмандон хостори таъсиси пулис ахлоқ дар Тоҷикистон шуд, то аз рафторҳои ба гуфтаи онҳо "ғайриахлоқӣ" ҷилавгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG