Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп: Эҳтимоли мудохилаи низомиро дар Венесуэла рад намекунам


Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико гузина ё интихоби мудохилаи низомӣ дар Венесуэларо рад накардааст.

Доналд Трамп рӯзи 11-уми август дар Ню-Ҷерсӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар мавриди Венесуэла чанд интихоб доранд ва гузинаи низомиро сарфи назар накард. “Ман гузинаи низомиро рад намекунам. Мардум дар ҳоли ранҷ кашидан ва мурдан аст. Мо барои Венесуэла гузинаҳои зиёд дорем, ба шумули дахолати низомии эҳтимолӣ, дар сурате ки ниёз бошад”, - афзуд ӯ.

Дар ҷараёни эътирозҳои хушунатомез дар Венесуэла беш аз 120 тан кушта ва ҳазорҳо нафари дигар боздошт шуданд.

Пас аз моҳҳо тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Венесуэла таниш дар ҳоли афзоиш аст. Ба хотири онки раиси ҷумҳур Никола Модуро мехоҳад, бо ислоҳи Қонуни асосӣ қудраташро афзоиш бидиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG