Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоирони тоҷик рӯзи 16-уми август ба Саудӣ мераванд


Сафари имсолаи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ рӯзи 16-уми август шурӯъ хоҳад шуд. Қарор аст, гурӯҳи нахустини мусофирон аз шаҳри Душанбе тавассути ширкати “Сомон Эйр” ба Саудӣ бираванд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, имсол низ муваффақ нашуданд, то ҳамаи парвозҳо тариқи ширкати ватанӣ анҷом шавад.

Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имсол низ сафари ҳоҷиёни тоҷик тавассути ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон ва “Flynas”-и Арабистони Саудӣ анҷом мегирад. Арабистони Саудӣ соли 2015 барои сафари ҳоҷиён ба Тоҷикистон низоми паритет ё баробариро ҷорӣ кард. То ин вақт ҳамаи зоирони тоҷик тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба Саудӣ парвоз мекарданд.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Кумитаи дин гуфт, мақомоти тоҷик то лаҳзаи охирин талош карданд, то интиқоли ҳоҷиён пурра тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон сурат бигирад. “Аммо ҷониби Арабистони Саудӣ ба ин чиз розӣ нашуд. Чораи дигар нест ва маҷбурем, ба низоми паритет розӣ шавем”,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Сафари зоирини тоҷик аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои Мадина ва Ҷиддаи Арабистони Саудӣ сурат мегирад. Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, имсол вазъи зиндагии талабгорони зиёрати Ҳаҷ санҷида шудааст. Аммо мақомот дар бораи ин санҷиш ҷузъиёти бештар надоданд.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Имсол низ ин шумора тағйир наёфтааст. Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шудааст. Ин назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеш, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.

XS
SM
MD
LG