Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти ИМА: Ташаккури ман аз Путин шӯхӣ буд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ташаккураш аз Владимир Путин барои ихтисори кормандони сафорати ин кишвар дар Русия як шӯхӣ буд.

Доналд Трамп рӯзи 11-уми август дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, ки ҳоло бо Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико ҷавоби эҳтимолии Вашингтон ба амалкарди Маскавро баррасӣ доранд.

Аз ин пеш, рӯзи 10-уми август президенти Амрико Доналд Трамп ба ҳамтои руси худ Владимир Путин ба хотири тасмимаш дар бораи коҳиши ҳайати дипломатии Амрико дар Русия миннатдорӣ баён кард. Ба гуфтаи Трамп, Путин бо ин тасмимаш дар сарфаи пули буҷа ба ӯ кумак намудааст.

Ин изҳороти, ба қавли раиси ҷумҳури Амрико, шӯхиомези ӯ миёни корманди Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида норозигиҳоро ба миён овард.

Рӯзи 28-уми июли имсол Маскав аз Вашингтон хост, ки аз 1-уми сентябр сафи кормандони сафорат дар Маскав ва консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербургу Екатеринбург ва Владивостокро то 755 нафар кам кунад. Ин ҷавоби Маскав ба ҷорӣ шудани таҳримҳои нави Амрико алайҳи Русия дар охири моҳи июл буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG