Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи доштани ришу ҳиҷоб ба варзишгарони тоҷик


Парвиз Турсунов дар ҳайати дастаи "Хайр"-и Ваҳдат бозӣ мекард. Акс аз соли 2011

Варзишгарони тоҷик аз ҳаққи доштани риши баланду пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсарӣ маҳрум шуданд. Бар асоси Кодекси одоби варзишгарони тоҷик, ки моҳи июл аз тарафи Кумитаи ҷавонон тасдиқ ва рӯзи 10-уми август дар нашрияи расмии "Ҷавонони Тоҷикистон" нашр шуд, варзишгарон бояд "ба симои зоҳирии худ, аз ҷумла, ботартиб будани мӯйи сар ва риш диққати махсус диҳанд".

То кунун ҳузури баъзе аз варзишгарони тоҷик дар майдони футбол ё гуштӣ бо риши нисбатан баланд мушоҳида шудааст. Чанд сол қабл Парвиз Турсунов, бозигари тими "Хайр"-и Ваҳдат, ба далели риши дарозаш ба бозӣ роҳ дода нашуд ва ин баҳси зиёдеро ба по кард. Аммо мутахассисон мегӯянд, миёни бонувони варзишгари тоҷик пӯшидани либоси мазҳабӣ, ба мисли ҳиҷобу рӯсарӣ маъмул нест ва маълум нест, чаро ин масъала дар Кодекси одоб ворид шудааст.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ба тамоми мактабҳои варзишии Тоҷикистон дастур додаанд, то миёни дастпарварони худ дар мавзӯи одобу ахлоқ “корҳои фаҳмондадиҳӣ” гузаронанд.

Дар Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи Кодекси одоби варзишгар омода шудааст. Масъалаи таҳияи ин кодекс охири моҳи марти имсол, баъд аз қазияи баҳсбарангези паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Наврӯзи имсол дар Душанбе ба миён омад. Мақомот гуфтанд, Устопириён дар мусобиқаи рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” бо ишораи даст дашном додааст ва то моҳи апрели соли 2019 аз иштирок дар ҳамагуна мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум аст. Дар тарҳи Кодекси одоби варзишгарон ҳам гуфта шудааст, ки “варзишгар дар вақти иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ба ҳар гуна ишораҳои иғвоангез, талаффузи дашном ва суханони қабеҳ, ки боис ба нороҳатии рақиб ва мухлисону тамошобинон, инчунин, амалҳое, ки сабаби ба вуҷуд овардани муноқишаи байниҳамдигарӣ мегардад, худдорӣ намояд”.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ба тамоми мактабҳои варзишии Тоҷикистон дастур додаанд, то миёни дастпарварони худ дар мавзӯи одобу ахлоқ “корҳои фаҳмондадиҳӣ” гузаронанд. Ба қавли мутахассисони соҳаи варзиш, варзишгар, ки чеҳра ва муаррифгари як миллат дар сабқатҳои ҷаҳонӣ аст, бояд бо рафтору одоби худ ва ҳатто сару либос худ фарқ кунад ва намунаи олӣ бошад.

Аммо бархе аз варзишгарон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ахлоқи онҳо ба ҳадди ташвиш нарасидааст ва набояд мояи нигаронӣ бошад. Онҳо гуфтанд, ҳама гуна кӯшиши ба чаҳорчӯбаи танг ворид кардани фаъолияти онҳо метавонад бисёриҳоро ё аз майдони сабқат берун кунад ё маҷбур кунад, берун аз ватан ба кору зиндагӣ машғул шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG