Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори ҷумҳурихоҳ салоҳияти Трампро зери суол бурд


Боб Коркер
Боб Коркер

Раҳбари кумитаи Сенати Амрико дар умури равобити хориҷӣ, ки президент Доналд Трамп як вақт номзадии ӯро ба мақоми Котиби давлатӣ баррасӣ мекард, салоҳияти Трампро барои кор дар волотарин мақоми ИМА зери суол бурд.

"Агар Трамп даст ба "дигаргуниҳои радикалӣ" назанад, ӯ метавонад кишварро дар ростои "хатари бузург" қарор диҳад", - гуфт сенатор Боб Коркер.

Коркер шарҳи видеоии худро дар Nooga.com баъди он нашр кард, ки Доналд Трамп аз маҳкум кардани ҳамлаи бартарихоҳони сафедпӯст ба мухолифони зидди нажодпарастӣ дар Вирҷиния канор рафт ва ҳангоми маҳкум кардани ҳамлаи ДИИШ дар Барселона бархӯрди бераҳмона ба исломиҳоро беҳтарин роҳи пешгирӣ аз ин гуна ҳамлаҳо номид.

"Президент то ҳол натавонистааст, тавонмандиашро дар заминаи таъмини субот ва баъзе салоҳиятҳо нишон диҳад, ки барои мауваффақ буданаш зарур ҳастанд", - афзуд сенатори ҷумҳурихоҳ.

XS
SM
MD
LG