Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни 98-умин солгарди истиқлоли Афғонистон аз Бритониё


Афғонистон рӯзи 19-уми август аз 98-умин солгарди истиқлолаш аз Бритониё таҷлил кард. Дар ин рӯз дар сартосари Афғонистон маҳфилу гирдиҳамоӣ ва ҷашнвораҳои мухталиф баргузор шуд.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, дар остонаи ин ҷашн ба Кобул паёми шодбош фиристод. Ӯ рӯзи 18-уми август гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҷашни истиқлол ба шодии мардуми Афғонистон шарик аст. “Дӯстии қавии мо бо Афғонистон ба мардуми ин кишвар кумак хоҳад кард, то ояндаи амну муваффақ дошта бошанд”, - афзуд ӯ.

Тиллерсон дар ин табрикномааш ба комёбиҳо дар пешрафти иқтисод ва бардошта шудани чанд қадам барои рушди демократия дар Афғонистон ишора кард.

Амрико соли 2002 дар раъси як Эътилофи байналмилалӣ барои мубориза бо терроризм вориди Афғонистон шуд. Рекс Тиллерсон гуфт, “дар 16 соли ахир Афғонистон ба комёбии чашмрасе дар бахши иқтисоду сиёсат ва иҷтимоъ даст ёфтааст. “Ҳар рӯз мо шоҳиди бунёди як кишвари амну демократӣ аз тарафи мардуми Афғонистон мешавем”, - гуфт ӯ.

98 сол пеш аз ин Шоҳ Амонуллохон мустақилияти Афғонистонро аз Бритониё эълон кард. Аз он замон то кунун ин рӯз ба унвони рӯзи истиқлол таҷлил мешавад. Аммо имсол сокинони Афғонистон дар ҳоле аз ҷашни истиқлол таҷлил мекунанд, ки ин кишвар шоҳиди ҷангу нооромиҳост.

XS
SM
MD
LG