Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел аз Эрдуғон хост, ки ба умури кишвараш мудохила накунад


Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Ангела Меркел
Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Ангела Меркел

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҷиддан тақозо кард, ки дар интихоботи ин кишвар мудохила накунад. Эрдуғон рӯзи 18-уми август аз тақрибан як миллион турке, ки аз ҳаққи райъдиҳӣ дар интихоботи Олмон бархӯрдоранд, хост, ба тарафдорӣ аз Иттиҳодияи масеҳиёни демократ, сотсиал-демократ ва ҳизби сабзҳо овоз надиҳанд.

Раиси ҷумҳури Туркия, ки пас аз адои намози ҷумъа дар шаҳри Истанбул сӯҳбат мекард, гуфт, “аз ҳамаи ҳамватанон дар Олмон мехоҳам, аз ин ҳизбҳо ҳимоят накунанд. Ин ҳизбҳо душмани Туркия ҳастанд. Аз ҳизбҳое ҳимоят кунанд, ки душмани Туркия нестанд.”

Ангела Меркел ин изҳороти Эрдуғонро рад кард ва гуфт, ба ҳеҷ кас, аз ҷумла раиси ҷумҳури Туркия иҷоза нахоҳанд дод, ки бо истифода аз решаи аслии шаҳрвандони Олмон дар умури ин кишвар мудохила кунад. Зигмар Габриел, вазири умури хориҷии Олмон, низ ин изҳороти Раҷаб Таййиб Эрдуғонро мудохилаи бесобиқа хондааст.

Беш аз се миллион турк дар Олмон зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан як миллиони онҳо аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихобот баҳраманданд.

XS
SM
MD
LG