Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Қудратов кай озод мешавад?


Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Дар ҳоле ки пайвандони Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ ва узви зиндонии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, аз замони дақиқи озодиаш хабар надоранд, адвокаташ гуфт, "ӯ дар аввали соли оянда раҳо хоҳад шуд".

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили Зайд Саидов, рӯзи 21-уми июли соли 2014 аз сӯи маъмурони Оҷонсии зиддифасод ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд.

Қаблан ин сарусадо дар чархиш буд, ки гӯё муҳлати адои ҷазои Шӯҳрат Қудратов ба поён расидааст. Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов, рӯзи 27-уми август ин сарусадоро беасос донист. Ӯ гуфт, "бяод соли гузашта Шӯҳрат Қудратов шомили афв мешуд. Аммо номи ӯро ба феҳристи афвшавандаҳо ба муносибати 25-умин солгарди истиқлол дохил накарданд. Барои ҳамин, Қудратов соли 2018 ба озодӣ хоҳад баромад."

Ба қавли Зоиров, бар асоси Қонуни афв зиндоние, ки то поёни мӯҳлати ҷазояш 2 сол боқӣ мондааст, афв мешавад. Ҳарчанд дар замони қабули Қонуни афв дар моҳи августи соли гузашта, аз муҳлати ҷазои Қудратов 1 солу 9 моҳ монда буд, номи ӯ шомили ин феҳрист нагардидааст. Бо ин ҳол, Раҳматилло Зоиров гуфт, барои дақиқ кардани замони раҳоии нафари таҳти ҳимояташ расман ба мақомот, аз ҷумла Додситонии кулл муроҷиат хоҳад кард.

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Дар гузашта мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон дар мавриди озодии Шӯҳрат Қудратов мушаххас суҳбат накарда, танҳо гуфта буданд, ки баробари анҷоми муҳлати зиндонаш озод хоҳад шуд. Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аз сарнавишти шавҳараш дарак надорад ва пас аз эълони ҳукмаш дар моҳи январи соли 2015 ягон бор бо ӯ мулоқот накардааст. Қурбонова аз он шикоят кард, ки на мақомот ва на вакили мудофеи ҳамсараш дар бораи раҳоии ӯ чизе намегӯянд.

Гулафрӯз Қурбонова мегӯяд, ҳоло ба кори омӯзгорӣ машғул аст, то аз ин тариқ хонаводаашро таъмин бикунад. "Чаҳор фарзанд дорам ва се писарам мактабхон ҳастанд. Худатон медонед, ки бо маоши омӯзгорӣ таълиму хӯрондани онҳо мушкил аст", - афзуд ӯ.

Гулафрӯз Қурбонова
Гулафрӯз Қурбонова

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 Шӯҳрат Қудратовро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард. Баъдан Додгоҳи олӣ ин ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард. Додгоҳи олӣ эълон кард, моддаи 247, қисми 4, яъне “қаллобӣ” аз парвандаи Қудратов ҳазф шуда, ба ҷои он 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима муқаррар гардидааст. Инчунин, ҳукми ин вакили мудофеъ аз рӯи моддаи 320, яъне “пешниҳоди пора”, тағйир дода шуда, аз се як ҳиссаи он кам карда шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили Зайд Саидов, рӯзи 21-уми июли соли 2014 аз сӯи маъмурони Оҷонсии зиддифасод ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд. Ӯ аз вакилони шинохтаи тоҷик аст, ки аз ин пеш дар чанд мурофиаи пурсарусадо ширкат ва, аз ҷумла, аз вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" дар додгоҳ ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG